Ӯзбекистон аз Русия то миллион гектар замин иҷора мегирад

Баҳри корхонаҳои Ӯзбекистон барои парвариши якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар Русия замин ҷудо мекунанд. 1-уми октябр вазири кишоварзии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ин масъаларо бо ҳайати муовини вазири кишоварзии Федератсияи Русия Сергей Левин баррасӣ кард.

Зироатҳои равғанӣ, лӯбиё, гандум ва ғайра, ки дар шароити иқлими Русия мувофиқанд, барои кишт пешбинӣ шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, дар ин марҳила пешниҳод шудааст, ки дар аввал лоиҳа дар майдони 35 000 гектар бо мақсади таъсиси ҳамкорӣ ва механизмҳои таъсир, инчунин омодагии амалӣ оғоз шавад.

«Мо манфиатдорем, ки дар солҳои оянда тадриҷан ин майдонҳоро то 300-500 ҳазор гектар ва дар оянда то 1 миллион гектар васеъ кунем.” — гуфтааст ӯ.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мушаххас оид ба ҷудо кардани замин, аз ҷумла шартҳои иҷораи дарозмуддати заминҳои кишоварзиро баррасӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ