Чаро Донишгоҳи давлатии Самарқанд 600‑сола эътироф гардид?Ё худ нигоҳе ба саҳифаҳои таърихи узвҳои вобастаи Академияи фанҳои Мирзо Улуғбек

Доим аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон бисёр сайёҳон ба Самарқанди бостонӣ азми сафар мекунанд ва аксари онҳо, ташрифро аз тамошои майдони Регистон – дили шаҳри азизамон оғоз менамоянд. Ин бесабаб нест. Зеро барои онҳо боздиди мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Мирзо Улуғбек ниҳоят шавқовар аст. Мо бисёр шоҳид шудаем, ки роҳбаладон ҳамеша саргарми бо эҳсосот, ифтихор ва далелҳои раднопазир ба забонҳои гуногун доир ба таърихи бунёди иншоотҳои мӯҳташаму нотакрор, пурҷилою мафтункунанда маълумотҳои аҷибу шавқангезро қисса мекунанд. Рӯзҳои охир дар нақли онҳо ҷавоб ба саволи «Чаро Донишгоҳи давлатии Самарқанд 600‑сола эътироф гардид?» илова шуд. Роҳбаладон махсус таъкид мекунанд, ки барои ривоҷу равнақи илму фан хизмати набераи Соҳибқирон Амир Темур, арбоби давлатӣ, маърифатпарвару олими маъруф Мирзо Улуғбек ниҳоят бузург аст. Зеро бо ташаббуси ӯ дар майдони Регистон мадрасаи бузург қад афрохта, донишмандони ҳамон давр Қозизодаи Румӣ, Муҳаммади Хофӣ, Ғиёсуддини Кошӣ, Алӣ Қушчӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон мударрисони ин боргоҳи маърифат буданд.
Воқеан, дар гирдогирди ҳавлии мадрасаи Улуғбек ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор, дарсхонаҳои калони гумбаздор ҳастанд, ки дар ин боргоҳи илму маърифат садҳо нафар алломаҳои Шарқи наздику дур сабақ гирифтаанд. Катибаҳои мадрасаи Улуғбек хеле ҷолиб буда, бо як услуби ба худ хос, ба тоҷикӣ ва арабӣ сабт гардидаанд, ки ниҳоят пурмаъноянд.
Мирзо Улуғбек бештар ба асари безаволи ситорашинос ва математик Абу Райҳон Берунӣ «Қонуни Масъуд», инчунин корҳои илмии Афлотун, Арасту, Архимед, Птоломей ва ҳамватанони хеш Фарғонӣ, Сино, Хоразмӣ, Форобӣ такя намуда, ҳангоми ба шогирдон сабақ додан аз корҳои илмии онҳо иқтибос меовард. Вай дарк намуд, ки барои аз илми ситорашиносӣ дарс додан расадхона – муассисае лозим аст, ки барои мушоҳида ва тадқиқоти астрономию геофизикӣ бо асбобҳои зарурӣ чун устурлоб, тарбеъ, судс таъмин бошад. Бо ин ният Мирзо Улуғбек фармон дод, ки дар Кӯҳак ном теппаи назди наҳри Обираҳмат дар шакли устувона (силиндр) расадхона сохта шавад. Шогирдони вафодораш дар бунёди расадхона саҳми арзанда гузоштанд. Баландии он 30,4 метр буда, аз расадхонаҳои Исфаҳон, Мароға куллан фарқ дошт. Ба як дараҷаю як дақиқаи доираи камони ин асбоб мувофиқан 701,85 мм ва 11,53 мм масофа рост меомад. Олимони расадхона бо асбобу афзори худ кунҷи байни хати устуво (экватор) ва минтақатулбурҷ (эклиптика) собитаи давомати соли тропикӣ ва дигар собитаҳои умдаи астрономиро саҳеҳ чен кардаанд ва ҳаракати сайёраҳову моҳро дақиқ санҷидаанд. Дар ҳамон замон расадхона бо соатҳои офтобӣ, ситоравӣ, устурлоб (астролабия) таъмину муҷаҳҳаз шуда буд. Мирзо Улуғбек дар асоси тадқиқотҳои чандинсолаи илмӣ асари «Зиҷи Кӯрагонӣ»-ро таълиф намуд.
Мирзо Улуғбек дар назди расадхона Академияи фанҳоро таъсис дод, ки яке аз узви ҳақиқии он Ҷамшед ибн Масъуд ибн Маҳмуд ал-­Кошонӣ буд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки вай яке аз математик ва астрономҳои машҳури асри XV аст. Ҷамшед ал-­Кошӣ нахустин раҳбари (президенти) расадхона буда, барои тартиб додани ҷадвали тригонометрия саҳми арзанда гузоштааст.
Асарҳои зерин ба қалами ӯ мансубанд:

  1. «Ҷадвали астрономии Ҳоқонӣ» (соли 1414) таълиф шудааст.
  2. «Саёҳати байни боғҳо»-и олим, ки шарҳи асбоби ихтироъкардааш «табақ ал-манотиқ» буда, бо кӯмаки асбоби мазкур тӯл ва сатҳи сайёраҳоро чену сабаби гирифтани моҳ ва офтобро муайян кардан мумкин аст.
  3. Китоби «Ба Султон Искандар» ба амакбачаи Улуғбек – ҳокими Исфаҳон бахшида шуда, шарҳи асбобҳои астрономӣ мебошад. Инчунин, асарҳои «Калиди арифметика», «Рисола доир ба даврзанӣ»-и Ҷамшед ал-­Кошӣ то мо омада расидаанд.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
доктори фанҳои физика-­математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Шаҳноза ҲАСАНОВА,
унвонҷӯй, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ