Созмони «Афви Байналмилал»: Толибон 800 хонаводаро барои тарки хонаҳои худ маҷбур карданд

Созмони «Афви Байналмилал» (Amnesty International) дар гузориши охирини худ мегӯяд, ки Толибон дар ноҳияи Қоҳурии вилояти Дайкунди дар маркази Афғонистон 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо куштанд.
Созмони «Афви Байналмилал» рӯзи сешанбе, 5 октябр, гузориши наверо интишор кард. Дар он гуфта мешавад, ки толибон 31 август пас аз таслим шудан 11 узви вазорати пешини дифоъро куштаанд.
Тафтишоти «Афви Байналмилал» нишон медиҳад, ки нӯҳ сарбози собиқи Вазорати дифои Афғонистон як рӯз пас аз таслим шудан ба Толибон ба назди дарёе бурда шуданд ва дар он ҷо бидуни мурофиаи додгоҳӣ кушта шуданд. Дида мешавад, ки аксари қурбониён аз сарашон тир хӯрдаанд.
Бино бар ин гузориш, ду шаҳрванди дигари кишвар, ки низ ҳазора буданд, бар асари тирандозии силоҳбадастони «Толибон» ҳангоми гурехтан ва сарбозони собиқи Вазорати дифоъ кушта шуданд.
«Афви Байналмилал куштори сарбозони собиқ аз ҷониби аъзои «Толибон»-ро ҷинояти ҷангӣ номида, афзуд, ки ин созмони тундрави террористӣ бар хилофи ӯҳдадориҳои худ дар бораи таъмини бехатарии мансабдорони собиқи ҳукумат амал кардаанд.
Гуфта мешавад, ки толибон 800 хонаводаро маҷбур кардаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.
Қаблан «Авфи Байналмилал» гуфта буд, ки ҷангҷӯёни «Толибон» мардони ҳазораро дар манотиқи мухталифи кишвар куштаанд. Бино бар гузориши ин созмон, толибон пас аз забти вилояти Ғазнӣ бархе аз мардони ҳазараро дар вилояти Ғазнӣ куштанд.
«Мо аз Шӯрои Амнияти СММ даъват мекунем, ки қатъномаҳои фавқулодда барорад, ки «Толибон»-ро ба риояи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва таъмини амнияти ҳамаи афғонҳо, новобаста аз мансубияти қавмӣ ва эътиқоди динӣ, даъват кунанд.»
«Афви Байналмилал» ҳамчунин афзуд, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бояд як механизми пурқуввати тафтишотӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ, ҷамъоварӣ ва ҳифзи далелҳои ҷиноятҳои ҷорӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар саросари Афғонистонро таъсис диҳад. «Ин барои таъмини он, ки ҷомеаи байналмилалӣ тасмимҳои огоҳона қабул кунад ва барои беҷазоӣ (барои ин гурӯҳ), ки дар кишвар ҷиноятҳои вазнинро идома медиҳанд, аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад», — омадааст дар гузориш.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ