Мактаби «Авлоди баркамол» чӣ хел маҳфилҳо дорад?

Бачаҳо дар вақти холии худ – баъди дарс ё ки пеш аз дарс (агар дар басти дуюм хонанд) бо чӣ машғул мешаванд? Барои онҳо чӣ хел имкониятҳо фароҳам оварда шудааст? Ин саволҳо кай боз маро ором намегузошт. Аз сӯҳбат бо методисти мактаби «Баркамол авлод»-и вилояти Самарқанд Дилрабо Ғуломова ба ин саволҳо посух ёфтам.
– Дар моҳонаи «Ҳунармандӣ ва санъати амалӣ» ва фестивали ҷумҳуриявии «Эҷодкорони мустақил», ки ба қарибӣ мактаби бачаҳои «Баркамол авлод»-и Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйи 8 самт ба таври онлайн гузаронд, дар самти «кулолӣ» донишомӯзи мактаби «Баркамол авлод»-и ноҳияи Ургут Абдулло Нӯъмонов сазовори ҷойи сеюм, дар «Зардӯзӣ» донишомӯзи мактаби «Баркамол авлод»-и вилояти Самарқанд Хосиятбону Ҳамроқулова ҷойи якум шуданд.
Донишомӯзони маҳфилҳои мактаби мо дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳо чунин муваффақиятҳоро кам ба даст наовардаанд.
Дар мактаби мазкур маҳфилҳои санъати тасвирӣ, санъати амалӣ, плас­тикаи хурд, доирадастони ҷавон, эстрада-­вокал, рақси миллӣ, рақси замонавӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ороиши минчоқдор, зардӯзӣ, карвинг, квилинг, заргарӣ, саводхонии компутерӣ, авиамодел, робототехника, таэквандо, гимнастика, дзюдо, шоҳмот, моделсозии техникии ибтидоӣ, забони англисӣ, забони корейсӣ, оила ва саломатӣ фаъо­лият доранд.
Ба маҳфилҳо бачаҳоро аз 6‑солагӣ қабул мекунанд.
Маҳфилҳо рӯзҳои аз душанбе то шанбе аз соати 9:00 то 17:00 аз рӯйи ҷадвал баргузор мегарданд. Дар як ҳафта барои ҳар як маҳфил 6 соати академӣ пешбинӣ шудааст. Агар маҳфил дар як ҳафта се рӯз гузаронда шавад, он 1 соату 30 дақиқагӣ давом мекунад, ду рӯз баргузор гардад, давомнокии он 2 соату 30 дақиқа мешавад.
Барои гузарондани маҳфилҳо дар бинои замонавии мактаби «Баркамол авлод» шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Ҷамоаи мактаб бо сарварии директори он Ф.Назарова кӯшиш мекунанд, ки аз чунин имкониятҳо хонандагон бо самар истифода баранд.
Роҳбарони маҳфили санъати тас­вирӣ Наргиза Очилова ва эстрада-­вокал Нуриддин Мухторов бисёр сол боз дар ин ҷо кор мекунанд. Шогирдони онҳо борҳо ғолиби озмун ва фестивалҳо шудаанд.
Аҳли мактаб аз ҳоли онҳое, ки дар ин ҷо солҳои тӯлонӣ фаъолият бурда, ҳоло гашти пирӣ меронанд, хабар гирифта меистанд. Дар арафаи Рӯзи муаллимон ва мураббиён дар хонадони Гулшод Бобоҷонова шуда, устодро бо ид табрик карданд ва тӯҳфаҳои хотиравию гулдастаи тару тоза супурданд.
Дар воқеъ, дар ин ҷо таълими бачаҳои 6‑солаи гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб низ ба роҳ монда шудааст.

Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ