10 забони зинда ва пуркорбурди ҷаҳон

Маъруфтарин саршумориҳои ҷаҳони 10 забони зиндаи дунёро бар асоси теъдоди ҷамъият такаллум кунанда дастабанди мекунанд; Ду забон Аврупои англисӣ ва олмонӣ садру зайли ин феҳристро ташкил медиҳад.

1-Забони англисӣ

Такаллумкунандагон ба забони англисӣ 25 дарсад ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва теъдодашон аз 1.8 миллиард нафар фаротар меравад. Англисӣ забони расмии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст. Ин шумори ғайр аз теъдоди касонест, ки аз англисӣ ба унвони забони дувум истифода мекунанд.

2- Забони чинӣ

Ҳудуди 18.05 дарсад мардуми ҷаҳон, яъне беш аз тақрибо 1 миллиарду 300 миллион нафар ба забони чинӣ сухан мегӯянд. Забони чинӣ ҳуруфи алифбо надорад, балки аз як саре шаклҳо барои навиштан истифода мекунад.

Дар Тайван ва Сингапур низ забони чинӣ роиҷ аст.

3- Забони ҳиндӣ

Нисбати ҳиндизабонон тақрибо 11.51 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон аст. Ҳиндӣ забони расмии кишвари Ҳинд ва ҳамчунин дар бахшҳои қобили таваҷҷуҳе аз Непал, Африқои ҷанубӣ, ҷазираи Маврикия, Яман, Уганда ва аёлоти муттаҳидаи Америка такаллум мешавад.

4-Забони арабӣ

6.6 дарсад ҷамъияти ҷаҳон ба забони арабӣ сухан мегӯянд. Ҳудуди ҷуғрофиёии ин забон ба шакли мутамаркиз, Ховари Миёна ва шимоли Африқо аст. Забони арабӣ ба далели баъди идеологикии он ва инки забони китоби осмонии мусулмонон (Қуръони карим) аст, мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз ғайриарабзабонон низ воқеъ мешавад.

5- Забони испанӣ

Испанӣ ҳудуди 6.25 дарсад мардуми ҷаҳонро шомил мешавад, ки теъдодашон тақрибо 400 миллион нафар аст. Ин забон дар кишварҳои Америкаи марказӣ ва ҷанубӣ илова бар Испания дар Аврупо ва бахшҳое аз аёлоти муттаҳидаи Америка такаллум мешавад.

6- Забони русӣ

Ҷамъиятӣ 3.95 дарсади аз кулли сокинони заминро шомил мешавад, ки асосан дар кишварҳои ҷудо шуда аз иттиҳоди Шӯравӣ ва албатта дар худи Русия пароканда шудаанд. Русӣ роиҷтарин забони славӣ аст, ки дар бархе кишварҳо расмият надорад, аммо ба сурати густурда истифода мешавад… монанди Украина, Латвия, Эстония ва Литва.

Ин забони густурдатарини маҳдуди ҷуғрофиёиро дар Евроазия дорад.

7- Забони португалӣ

3.26 дарсад мардуми дунё ба забони португалӣ сухан мегӯянд ва дар кишварҳои Бразилия, Португалия, Мококо, Ангола, Венесуэла ва Мозомбик зиндагӣ мекунанд.

Португалӣ, забони ғолиби Америкаи ҷанубӣ аз ҳайси теъдоди такаллумкунандагон ба ин забон ва забони аслии бархе кишварҳои Африқоӣ аст.

8- Забони банголӣ

Банголӣ абзори сухан гуфтани 3.19 дарсади мардуми дунё аст, ки тақрибо 120 миллион нафар аз ин нисбат дар Бангладеш сокин ҳастанд ва ҳамчунин забони роиҷи аёлти Банголи ғарбӣ дар Ҳинд аст. Решаи ин забон, санскрит аст.

9- Забони фаронсавӣ

Ин забон низ 3.05 дарсад ҷамъияти ҷаҳонро дар бар мегирад ва дар 32 кишвар забони расмӣ аст. Илова бар Франса дар Канада, Белгия, Люксембург, Монако ва бархе кишварҳои Африқои монанди Тунис, Мағриб ва Алҷазоир роиҷ аст.

10- Забони олмонӣ

Забон олмонӣ забони аввали 2.77 дарсади ҷамъияти инсони замин аст ва ба шакли мутамаркиз дар иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла Олмон, Белгия ва дигар кишварҳо роиҷ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ