Шумо агар пешпо хӯрдед…


Духтурон такрор мекунанд, ки дар сурати саривақтӣ табобат кардани беморон, имкони наҷот ёфтан аз инсулт хеле баландтар аст. Зуд ҷустуҷӯ кардани роҳи табобат метавонад барои мубориза бо мушкилиҳои бебозгашт кӯмак кунад ва аз ин рӯ шинохтани нишонаҳои инсулт аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Мутахассисон ба хулосае омаданд, ки баъзе аз ин нишонаҳо ҳатто дар фаъолияти ҳаррӯза мушоҳида карда мешаванд. Мо ҳама вақт пешпо мехӯрем, ҳамин тавр аст. Аммо духтурон таъкид мекунанд, ки аввалин аломати огоҳкунанда метавонад аз даст додани мувозинат ё ларзидани пойҳо ҳангоми роҳ рафтан бошад.
Ба гуфти физиотерапевт Ҷон Анестад (Маркази барқарорсозии ҳолати фавқулоддаи беморхонаи Муқаддас Франсис), аксари инсултҳо ба нахҳои мотории марбут ба ҳаракат таъсир мерасонанд. Метавонанд ба як қисми мағзи сар осеб расонанд ва тарафи дигари баданро заиф ё фалаҷ кунанд, ки роҳ рафтанро душвор ва ҳатто номумкин мекунад.
Илова ба мушкилоте, ки ҳангоми роҳ рафтан ба вуҷуд меоянд, нишонаҳои инсулт ихтилоли мушаххаси ҳамоҳангсозии ҳаракат, ифодаҳои чеҳра, нутқ мебошад.
Тадқиқотчиён бовар доранд, ки якбора аз даст додани мувозинат низ бояд яке аз нишонаҳои ошкоркунандаи ин ҳолат ҳисобида шавад.
Онҳо тавсия медиҳанд, ки ҳама чизро сарфи назар накунем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ