Акнун муҳоҷирон метавонанд тариқи насия ба хонаашон маблағ фиристанд

Системаи хизматрасонии «Золотая Корона» аз рӯзи 11-уми октябр ба муҳоҷирон имконияти интиқол додани пул тариқи қарзро фароҳам меорад.
Ба иттилои «Ведомости», дар оғоз муҳоҷирон маблағи миқдоран камтар, аз 5000 то 15 000 рублро ба насия гирифта метавонанд. Дар муддати 21 рӯз фоизҳо ҳисоб карда намешавад, аммо баъди мӯҳлати мазкур меъёри фоиз дар як рӯз 1% хоҳад шуд.
Ба шарҳи раиси шӯрои директорони ширкат-Николай Смирнов: «Дар марҳилаи аввал интиқоли насиявӣ дар ҳамаи нуқтаҳои ширкати «Мегафон» дастрас мешавад, аммо мо нақша дорем, ки хизматрасонии мазкурро дар ҳамаи зерсохторҳои «Золотая корона» ҷорӣ намоем».
Гуфта мешавад, ки ба муҳоҷирон насия аз ҷониби ширкати қарзии хурд «Strana Express» пешниҳод мегардад. Дар оянда имкон дорад, ки шарикони нав низ пайваст шаванд.
Худи системаи хидматрасонии пардохт аз ҳисоби комиссия (ба мисли интиқоли муқаррарӣ) аз маҳсулот даромадро ба даст меорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ