Белгия “чаҳор рӯзи кор дар ҳафта”-ро эълон мекунад

Давлати Белгия қасд дорад ба зудӣ бо интишори баёнияе, тарҳи худ дар бораи расмӣ шудани “чаҳор рӯзи кор дар ҳафта”-ро эъломи умумӣ кунад: Ин хабар аз сӯи яке аз сухангӯёни давлат дар ҷараёни гуфтугӯ бо Евро-Нюз эълом шудааст.

Сухангӯи вазири иқтисод ва кори Белгия ба Евро-Нюз гуфта, ки пешниҳоди коҳиши рӯзҳои корӣ дар Белгия, ба унвони бахше аз барномаи васеътари давлат барои ислоҳи бозори кор, дар ҳоли ҳозир дар кобина мавриди баҳс ва баррасӣ аст ва то душанбеи оянда иттилоъоти бештаре дар бораи ин тарҳ хоҳем дошт.

Ба гуфтаи ӯ ҳафтаи кории чаҳоррӯза меҳвари асосии пешниҳоди давлат аст ба вижаи он ки шурӯъи вируси коруно тағйироти муҳимеро дар шароити кории бисёре аз мардум ба вуҷуд овардааст. Бо ин вуҷуд таъкид кард, ки ҳатто дар чорчӯби пешниҳоди “чаҳор рӯзи кор дар ҳафта” низ мардум аз лиҳози теъдоди соати кор дар ҳафта, ба ҳамон андозаи гузашта кор хоҳанд кард.

Ба ин тартиб коркунони бахшҳои мухталиф ба ҷой панҷ рӯзи кор дар ҳафта, чаҳор рӯзи кории тӯлонитар хоҳанд дошт то соати кории муваззафи худ (ҳудуди 38 то 40 соат дар ҳафта)-ро пур кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ