Барандагони ҷоизаи Нобел дар самти иқтисодиёт муайян гардид

Ҷоизаи Бонки давлатии Шветсия ба хотираи Алфред Нобел миёни иқтисоддони канадагӣ-амрикоӣ Дэвид Кард ва муҳаққиқон аз Амрико Ҷошуа Ангрист ва Гвидо Имбенс тақсим карда шуд. Дар ин бора Кумитаи Нобели Академияи илмҳои Шоҳигарӣ 11 октябр хабар дод.
Ҷоиза ба Кард барои «саҳми таҷрибавии ӯ дар иқтисоди меҳнат» дода мешавад. Aнгрист ва Имбенс нимаи дуюми ҷоизаро «барои саҳми методӣ дар таҳлили муносибатҳои сабабу натиҷа» мегиранд.
Аз соли 1901 инҷониб ҷоизаи Нобел 603 маротиба дода шудааст. 934 нафар ва 28 ташкилот барандаи он шуданд, ки 86-тои он ба соҳаи иқтисод рост меояд.
Маросими мукофотсупорӣ 10 декабр, дар рӯзи марги Нобел баргузор мешавад. Одатан маросим дар филармонияи Стокҳолм баргузор мешавад, ки дар он барандагони ҷоизаҳо аз дасти шоҳи Шветсия медали тиллоро бо тасвири асосгузори ҷоиза ва диплом мегиранд.
Соли дуюм аст, ки бинобар пандемия маросим ба таври онлайн баргузор мешавад. Аз ин рӯ, барандагон медалҳо ва дипломҳоро дар ватан тавассути сафоратхонаҳои Шветсия дар кишварҳои гуногун ё аз дасти ҷоизадорони собиқ мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ