Қаламкаши сеҳрбаён



Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун ислоҳотгари ғазал дар адабиёти форсу-тоҷик шинохта шуда, бо назми оламгираш дили хонандагонро тасхир кардааст. Ӯ суннатҳои олии адабиёти форсу-тоҷикро идома дода, жанри ғазалро ба қуллаи баландтарин расонидааст.
Ҳофиз бо қудрати тафаккур инсонигариву ватанпарварӣ, сулҳу сафо, озодиву дӯстиро тарғиб ва бадиву разолат барин иллатҳои инсониро ифшо намудааст. Ӯ худ шоири ватандӯст, ватанпарвар ва ватанхоҳ буд. Масалан, дар яке аз байтҳояш ҳисси баланди ватандӯстии шоир мушоҳида мегардад, ки ҳангоми ба дарбори ҳокими Бангола Султон Ғиёсиддин даъват шудан байти зеринро гуфтааст:
Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар,
Насими боди Мусаллову оби Рукнобод.
Ё худ дар бораи дӯстӣ дар ғазале, ки дар вазни ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, чунин мегӯяд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Дар мисраи аввали байти овардашуда шоир дӯстиро ба дарахти бордоре монанд карда, хушбахтиро ҳосили он мешуморад. Зеро дар дунё танҳо бо дӯстиву бародарӣ ба комёбӣ расидан мумкин аст. Дар мисраи дуюм бошад, Ҳофиз акси ин ҳолро таъкид мекунад: яъне душманиро дар ибтидо барҳам бояд дод, ки ҷуз ғаму дарду ранҷ дигар боре намеорад.
Чунонки маълум мегардад, шоир ба ин мақоми арзанда бо бисёр азобу машаққат расида, хориву ранҷи зиёдеро паси сар намудааст. Дар хурдӣ аз меҳри падар ҷудо гашта, барои рӯзгузаронии худ ва модараш ба дӯкони нонпазӣ хидматгорӣ мекунад, ки дар назди он дӯкон мағозаи китобфӯршӣ ҳам мавҷуд будааст. Ҳофиз вақти аз кор фориғи худро дар он ҷо мегузаронид. Шояд аз ин давра шеъргӯиро шурӯъ карда бошад, аммо шеърҳои нахустинаш табъи дил набудаанд. Дар ин маврид дар тазкираи “Майхона”-и (соли таълифаш 1626-1627) Абдунабии Фахруззамон чунин оварда шудааст: “Нонвои ҷавон ба он дӯкони китобфурӯшӣ рафту омад дошта, шеърҳои навиштаашро дар он ҷо замзама мекард, аммо аз сабаби ноқис будани шеърҳояш боиси хандаву истеҳзои ҳозирон мешуд ва баъзан ӯро қасдан барои мояи хандаву масхара ба маҷлис даъват мекарданд. Ҳофиз аз ин ҳол нороҳат гардида, боре ба сари турбати шоири намоёни тасаввуф Бобо Кӯҳӣ меравад ва аз нохушбахтӣ ва зиндагии талхи хеш гиря мекунад ва дар он ҷо хобаш мебарад. Шамсиддин Муҳаммад дар хоб худро дар миёни гурӯҳи мардуме мебинад, ки базми аҷибе ороста соқии маҷлис охирин қадаҳеро, ки бештари он дурда (такшон) буд, ба Шамсиддин дода, аз ӯ хоҳиши нӯшидани онро мекунад. Пас аз нӯшидани шароби қадаҳ, он мард ба Шамсиддин чунин мегӯяд: “Бирав, ки дарвозаи улум ба рӯи ту боз шуд” . Ҳофиз баъд аз ба поён расидани ин хоби нек, ки субҳгоҳ будааст, бедор мешаваду байти зеринро мегӯяд:
Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
Ҳофиз чун ба шаҳр бармегашт дар роҳ шеър мегуфт, аммо мардум бовар намекарданд, ки ин шеърҳо мансуби қалами ӯст”.
Албатта, то чӣ андоза дақиқ будани ин ривоят ба мо номаълум аст.
Аммо дар ғазалҳои шоир каломи дилфиребу сеҳрнок зиёд аст ва аз ин ҷост, ки Ҳофизро тазкиранависону муаррихони ҳамзамону пасинаш бо лақабҳои “Хоҷаи Шероз”, “Булбули Шероз”, “Шаккарлаб”, “Шаккарзабон”, “Лисонулғайб” ва ғайраҳо ёд кардаанд. Ҳар як унвону лақаби шоир вобаста ба хислатҳои наҷиби ӯст. Масалан, ба хотири донандаи забардасти “Қуръон” будан ва бо 14 тарз қироат кардани ин китоби осмонӣ тахаллуси худро Ҳофиз гузоштааст, ки бо ишорат бар ин худи шоир дар байтҳои зерин меоварад:
Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.
Ё худ шоиррро “Лисонулғайб” ба ин хотир гуфтаанд, ки каломи ӯ саросар маънии тасаввуфи дошта, барои дарк кардани онҳо хонанда душворӣ мекашидааст ва суханонаш бо илҳом ва таҳти таъсири ояту ҳадис суруда мешудааст.
Ҳофиз доимо барои адолати иҷтимоӣ мубориза бурдааст, бар зидди золимону хунхорон қалам кашида, аз мардуми ҷабрдидаву дар зери шиканҷаи золимон монда дифоъ мекунад.

Агар бо забони имрӯза гӯем, Ҳофиз шоири демократихоҳ буд. Дар ашъори ӯ талаби озодии инсон аз ҷиҳати ҷисмиву маънавӣ борҳо таъкид шудааст. Барои намуна байтеро меоварем, ки барои зоҳирпарастони замонаш гуфтааст:
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Омӯзиши эҷодиёти Ҳофиз барои ҳаёти имрӯзаи мо низ аҳамияти калон дорад, зеро осори ин қаламкаши сеҳрбаён марзҳоро гузашта, ба асари дӯстдоштании ҷаҳониён табдил ёфтааст.
Далершоҳ Неъматов, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ