Раҳбарони Толибон бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дидор мекунанд

Бархе аз раҳбарони Толибон рӯзи сешанбе дар Дохаи Қатар бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дидор мекунанд.
Амирхон Мутақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон дирӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: “Фардо бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот хоҳем кард. Мо ҷаласоти мусбате бо намояндагони дигар кишварҳо дорем.” Вай бо ин ҳол мушаххас накард, ки бо чӣ афроде аз Иттиҳодияи Аврупо дидор хоҳанд кард.
Вай таъкид кард: “Мо равобити мусбат бо тамоми ҷаҳон мехоҳем. Мӯътақид ба равобити байналмилалӣ мутавозин ҳастем. Мӯътақидем, ки чунин робитаи мутавозинӣ метавон Афғонистонро аз бесуботӣ наҷот диҳад.”
Толибон, ки аз нимаи моҳи август қудратро дар Афғонистон дар даст гирифт ҳанӯз аз сӯи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст. Аммо бо ҷиддитар шудани буҳрони инсонӣ дар ин кишвар, манёврҳои дипломатик дар ҳоли афзоиш аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ