Левандовский: «Тӯби тиллоӣ» аз ман аст»

Ҳамлавари лаҳистонии дастаи «Бавария» — Роберт Левандовский назари хешро доир ба ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” баён кард.
«Имконияти ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» барои ман бисёр муҳим аст. Ин боиси ифтихор аст, ки ман барои чунин ҷоизаи боарзиш мубориза мебарам. Соли 2020 аввалин бор дар таърих маросими супоридани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ба таъхир андохта шуд, ки он ҷоиза моли ман буд… Ман бисёр ҷоизаҳо ба даст овардам, голҳои зиёде задам ва бешубҳа барои соҳиб шудани ин ҷоиза муддаии асосӣ мебошам,— мегӯяд Левандовский.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари лаҳистонӣ дар мавсими гузашта дар 40 бозӣ 48 гол задааст ва дар ин мавсим дар 10 бозӣ 13 гол ба самар расонидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ