Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад

Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби шароити таҳсили хориҷиён дар Русияро дигар мекунад, хабар медиҳад «МВД Медиа».
Дар бораи равишҳои нав дар татбиқи сиёсати муҳоҷират муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники пулис Александр Горовой хабар дод.

  • Хориҷиёне, ки ба категорияҳои афзалиятноки хатмкунандагон тааллуқ доранд, метавонанд ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандии Русия умед банданд, — гуфт Горовой.
    Афзун бар ин ислоҳоти сиёсати муҳоҷират ба тартиби ҷалби хориҷиён ба кор низ таъсир мерасонад. Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод мекунад, ки феҳристи корфармоён, ки қувваи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, тартиб дода шавад ва иҷозатномаҳои коғазӣ бо сабти электронӣ иваз карда шаванд.
    Муовини вазир гуфт, ки корфармо метавонад муҳоҷири дилхоҳро, ки ба Феҳристи давлатии коргарони хориҷӣ шомил аст, ба ҷойҳои холии тасдиқшуда ҷалб кунад.
    Ёдрас мешавем, ки дар Русия инчунин низоми ҳуқуқии будубоши хориҷиён тағйир дода мешавад ва якбора се низоми нави муҳоҷиратӣ ҷорӣ мегардад: кӯтоҳмуддат, дарозмуддат ва доимӣ.
    Илова бар ин Горовой чунин мешуморад, ки бо назардошти шаклҳои шуғл ва хусусиятҳои мақоми шаҳрвандони кишварҳои ИИАУ низоми андозбандии хориҷиёнро беҳтар кардан лозим аст.
    «Пардохти мунтазами андоз тасдиқи фаъолияти воқеии меҳнатӣ хоҳад буд ва шарти пешбурди ҳуқуқи будубош дар Федератсияи Русия хоҳад шуд», — таъкид кард ӯ.
    Бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ байни шаҳрвандон корфармоён ва давлат Вазорати корҳои дохилӣ инчунин барои равандҳои муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ ва сертификатсияи тиббӣ, бақайдгирии биометрии муҳоҷирон, додани ҳуҷҷати ягона ва полиси суғуртаи тиббӣ, як платформаи рақамӣ таъсис доданист.
    Муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия қайд кард, ки ислоҳоти заминаи ҳуқуқии сиёсати муҳоҷират бояд то соли 2025 ба анҷом расад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ