Ҷапаров фармони истеъфои ҳукумати Қирғизистонро имзо кард

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров фармон дар бораи истеъфои ҳукумати кишварро ба имзо расонд.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, бар асоси фармон таркиби Шӯрои Вазирони кишвар барканор хоҳанд шуд.
Дар зимн, то ташаккули таркиби нави Шӯрои Вазирон роҳбарони вазоратҳо иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш хабари вусъат ёфтани ваколатҳои раисҷумҳури Қирғизистон мунташир шуда буд. Гуфта мешавад, ки Ҷапаров қонуни “Дар бораи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон”-ро имзо кард ва бар асоси ин қонун ӯ метавонад сарвазир ва аъзои Шӯрои вазиронро аз мақом барканор кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ