Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» наворбардорӣ мешавад

Миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошт оид ба наворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ҷумҳурияти Тоҷикистон.
Ёддошти мазкур дар доираи баргузории ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли равон дар якчанд шаҳрҳои кишварамон баргузор гардид, аз ҷониби роҳбарияти Агентии кинематографияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба имзо расид.
Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик маҳсуб шуда, он дар мисоли дӯстии ду мутафаккири бузург ифодагари садсолаҳо ҳамсоягии нек доштани ду халқи ба ҳам қарин мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ