ХУШИҚБОЛ

Антон Чехов

Аз истгоҳи Булугое, масири хатти роҳи оҳани Николаевиски,
қатори мусофирбар ба ҳаракат меояд. Дар яке аз вагонҳои дараҷаи
дуюми «барои сигориҳо»., дар фазои нимторики ба вагон хосс, панҷ
мусофир пинак рафтаанд. Онҳо чанд лаҳза пеш ғизо хурда буданд ва
ҳоло ба пушти диванҳо такя зада, мехоҳанд бихобанд. Оромие
ҳукмфармост.
Дари вагон боз мешавад ва суробе баланду ходамонанд бар сар
кулоҳи сурху дар тан палтои пуркарруфарр ворид мешавад, ки хеле
оперетҳо ё хабарнигоронеро аз осори Жиюл Верн ба ёд меовард.
Суроб дар мобайни вагон меистад, лаҳзае хур-хур димоғ мекашад,
баъд, чашмонаш нимпӯш, бо таҳаммул ба диванҳо менигарад.
– На, ин вай нест! – меғурунгад. – Бало занад, чӣ ҳол аст ин? Чӣ
қадар дилгир! Боз ҳам ин не!
Яке аз мусофирон ба суроб менигараду нидои хушҳолонае дар
медиҳад:
– Ивон Аликсеевич! Дар ин ҷоҳо? Ин шумоед?
Ивон Аликсеевичи ходашакл яқ қад мепарад, чун кавданҳо ба он
мусофир менигарад ваӯро мешиносаду хушҳолона ангушти ҳайрат
мегазад.
– О-ҳо! Петр Петрувич! – мегӯяд ӯ. – Аз куҷоҳо? Ман
намедонистам, ки шумо ҳам бо ин қатор меравед.
– Ҳолатон хуб? Сиҳату саломат?
– Бад не, фақат, падарҷон, гап сари он ки вагонамро гум кардаам;
акнун мани аблаҳ ҳар чӣ мекобам, ёфтан наметавонам! Сазои ман
шаллоқкорӣ ҳаст!
Ивон Аликсеевичи ходамонанд такон мехӯраду пих-пих механдад.
– Аз ин ҳодисаҳо, ки пеш мебиёд! – давом медиҳад ӯ. – Баъди
занги дуюм берун рафтам, конякнӯшӣ. Нӯшидам, албатта. Баъд ба
худам гуфтам, ки то истгоҳи дигар хеле роҳ аст, бад нест ки як қадаҳи
дигар ҳам бизанам. Ман бо ин хаёлу нӯшонӯш, ки садои занги сеюм…
мисли девонаҳо медаваму ба яке аз вагонҳо меҷаҳам. Аҳмақтар аз ман
боз кӣ ҳаст? Мисли сагони дайду, ё не?
– Маълум ки хеле сархушед, – мегӯяд Петр Петрувич. – Ку,
бифармоед! Мушарраф кардед!
– На-на… суроғи вагони худам меравам! Худо ёратон!

– Торик аст, метарсам, ки дар ҷое наафтед. Як дам бишинед, ба
истгоҳ ки расидем, вагонатон пайдо мешавад. Бишинед!
Ивон Аликсеевич оҳ мекашаду хоҳам-нахоҳам рӯбарӯи Петр
Петрувич менишинад; зоҳиран, бесаранҷом аст, гӯиё дар рӯи сӯзан
бошад.
– Сафарҳо ба хайр, куҷо меравед? – мепурсад Петр Петрувич.
– Ман? Ба фазо. Сарам ба ҳадде дӯлоб аст, ки худам ҳам
намедонам, куҷо меравам. Сарнавишт саргардонам кардааст, ман ҳам
аз паяш равон. Ҳа-ҳа… Азизам, оё боре аҳмақҳои хушбахтро во
хӯрдаед? Не? Пас, бингаред! Дар пеши шумо аз хушбахттарин
махлуқҳои фонӣ! Ба-ле! Дар қиёфаи ман чизе ба назар намерасад?
– Бале, маълум аст ки… шумо… як каме.
– Бояд ин лаҳза симоям хеле аҳмақона бошад! Оҳ, ҳайф ки ойина
нест, то ин рӯйи рафидаи худро тамошо кунам. Ҳис мекунам,
падарҷон, ки ба як аблаҳ табдил меёбам. Қасам ба виҷдонам! Ҳа-ҳа…
Тасаввур мекунед, ман ба сафари моҳи асал баромадаам. Ҳоло гӯед, ки
магар саги дайду нестам?
– Шумо? Зан гирифтед?
– Имрӯз, азизи дилам! Ақд бастемумустақим давидем ба қатор.
Шуруъ мешавад табрикгӯиҳову пурсишҳои маъмулӣ.
– Эҳҳа… – механдад Петр Петрувич. – Ин аст, ки ин қадар шангу
қашангед.
– Ба-ле… Ҳатто барои фиреби назар атру гулоб ҳам задам. Саропо
парешонам! Ташвише надорам, фикру хаёли ботил ҳам не, фақат як
гуна эҳсосот… чӣ мегӯянд… шояд эҳсоси хушнудӣ? Дар умрам худро
ба ин ҳадд хубу хуш ҳис накардаам!
Ивон Аликсеевич чашмонашро мепӯшад ва сар меҷунбонад.
– Ваҳ, чӣ хушбахтам! – мегӯяд ӯ. – Охир, тасаввур кунед. Ман ҳоло
меравам ба вагони худ. Он ҷо, рӯйи диванчаяк, дар бари тирезаяк
мавҷуде нишаста, ки мешавад гуфт, аз тори сар то нӯги по бо сидқу
сафо. Сарвқомате бо бинияки… бо ангуштакони… Ҷунаки ширин аст!
Фириштаи ман! Ин қадар рахшак! Шакараки ниҳоли ҷуни ман! Аммо
пойҳояш! Худоё! Пойҳояш, ки на чун пойҳои моянд, балки як гуна
зарифу минётурӣ, ҷодуӣ… истиъорӣ. Дил мехоҳад, ин поро бигиру
бихӯр! Э-эҳ, шумоён ҳич дарк намекунед инро! Охир ҳама
материалистед, ҳоло ба шарҳу баррасӣ мепардозеду ину он!
Муҷаррадҳои бебаргу боред, дигар ҳиччӣ! Ҳамин ки зан гирифтед, он
гоҳ ба ёд хоҳед овард! Аммо Ивон Аликсеивич, лутфан бифармоед, ки

ман ҳоло дар куҷо ҳастам? Бояд биравам ба вагони худам, бале. Он ҷо
маро интизоранд, бесаброна… аз дидори ман лаззат мебаранд. Ба
истиқболам лабханде… Менишинаму ҳамин тавр бо ду ангуштам аз
зери манаҳаш…
Ивон Аликсеивич сар меҷунбонаду хушҳол аз ханда ғел мезанад.
– Баъд ба рӯйи шонаякаш сар мениҳию даст ба камараш мебарӣ.
Медунед, атроф сокиту ором… говгуми шоирона. Дилат мехоҳад дар
ин лаҳзаҳо тамоми дунёро оғӯш кунӣ. Петр Петрувич, иҷозат диҳед,
шуморо оғӯш кунам!
– Хоҳиш мекунам.
Ёрони дерин дар миёни хандаи дӯстонаи мусофирон ҳамдигарро
канор мегиранд ва навдомоди хушбахт давом медиҳад:
– Аммо барои аблаҳии бузург ё худ, чунонки дар романҳо зикр
мешавад, барои фиреби назаре ба буфет меравию ду-се паймонаякро
ба сар мекашӣ. Ин дам дар сару қафаси сина чизе ба туғён меояд, ки
дар афсонаҳо ҳам нахондаӣ. Ман як одами майдаяки ночизе ҳастам,
вале ба назарам, ҳич ҳадду ҳисоб надорам… Тамоми дунёро дар оғӯш
мегирам.
Шодии ин навдомоди масту хушбахт ба мусофирони дигар, ки ба
ӯ менигаристанд, сироят мекунад, хоб ҳам аз дидагонашон мепарад.
Акнун ба ҷойи як шунаванда, пиромуни Ивон Аликсеивич панҷ нафар
ҳалқа мезананд. Вай мисле рӯйи сӯзан бошад, печутоб мехӯрад, ба
шавқу шӯр меояд, даст афшонида, беист пургӯйӣ мекунад. Қоҳ-қоҳ
механдад ва ҳама қаҳқаҳа мезананд.
– Аз ҳама муҳим, ҷанобон, кам бояд фикр кард! Хок ба сари ин
ҳама таҳлилу таксир… Дилат май мехоҳад, лутфан бинӯш, вале
пӯчбофӣ чӣ лозим, ки ин музирр аст ё муфид… Гум кун ин ҳама
фалсафаву равоншинохтиро!
Кондуктор мегузарад аз канори вагон.
– Оқои азиз, – рӯ меорад ба ӯ навдомод, – ҳамин ки аз вагони
шумораи дусаду нуҳ рад мешавед, он ҷо бо хонуме ки бар кулоҳи
хокистарияш тасвири парандаи сафедест, во мехӯред; гӯедаш, ки ман
инҷо ҳастам!
– Фармонбурдорам. Аммо ин қатор вагони дусаду нуҳ надорад. Ду
саду нуздаҳ дорем!
– Хуб, ду саду нуздаҳ! Фарқе намекунад! Ба ин хонум мегӯед, ки
шавҳарат сиҳату саломат аст!

Ва Ивон Аликсеевич ин дам бо дастон сарашро дошта, нолиш
мекунад:
– Шавҳар… Хонум… Аз кай боз? Шавҳар… Ҳа-ҳа… Сазои ту
шаллоқзадан, аммо шудӣ шавҳар! Оҳ, аблаҳ! Аммо он зан! Дирӯз
духтарак буд… магасаки ҳақирак… Бовари кас намеояд!
– Дар ин замона одами хушбахтеро во хӯрдан аз ҳодисаҳои
нодири рӯзгор аст, – мегӯяд яке аз мусофирон. – Мисле фили
сафедеро дида бошӣ.
– Бале, аммо тақсири кист? – мегӯяд Ивон Аликсеевич, пойҳои
дарози хешро бо кафшҳои хеле нӯгборикаш ёзонида. – Шумо агар
хушбахт набошед, гуноҳи худатон ҳаст! Бале, дига чӣ хаёл кардед?
Инсон худаш офаридгори хушбахтияш ҳаст. Агар хоҳед, шумо ҳам
метавонед хушбахт шавед, аммо худатон инро намехоҳед. Бо
хираройӣ хушбахтиро пушти по мезанед!
– Оббо, ин тавр ки нашудааст! Ку бигӯ, чӣ гуна?
– Хеле саҳлу сода!.. Табиъат муқаррар кардааст, ки одам дар
давраи муъайяне ошиқ шавад. Ин давра, ки фаро расид, биё, бо
тамоми вуҷуд ишқ варз, аммо шумо ки табиъатро гӯш намекунед,
ҳамоно интизори кадом як чиз ҳастед. Баъдан… Дар ин қонун гуфта
шудааст, ки ҳар инсони солиму болиғ бояд издивоҷ кунад…Бидуни
издивоҷ хушбахтӣ нест. Фурсати муносиб, ки фаро расид, зан бигир,
лозим нест, вақтро зоеъ кардан… Вале шумоён, ки зангир нестед!
Ҳамчунон интизоред чизеро! Ғайр аз ин дар авроқ омада, ки шароб
қалби одамиро нишот мебахшад… Агар шараҳ дорӣ ва дилат мехоҳад,
ки боз беҳу беҳтар бошӣ, он дам, бирав буфету бинӯш. Муҳимм он ки
– ба ҷои ақлпардозӣ бо ибтикор пухтупаз бояд кард! Ибтикор –
бузургтарин кор!
– Шумо мефармоед, ки инсон холиқи хушбахтии худ аст. Чӣ гуна
холиқ, ки марг бод ин холиқиро – бо як дандондардӣ ё гирифторӣ бо
хушдомани шарир тамоми хушбахтияш каллапо мешавад? Ҳама чиз
бастагӣ ба ҳодисот дорад. Ҳамин дам агар фалокате мисли тасодуфи
истгоҳи Кукуевско ба сарамон ояд, аз сози шумо навои дигар
бармехезад…
– Гапи беҳуда! – эътироз мекунад навдомод. – Ин фалокатҳо дар
сол як бор рух медиҳанд. Ман, шахсан, аз ягон ҳодиса тарсу ваҳме
надорам, зеро далеле барои вуқуъи чунин рухдодҳо нест. Инҳо
ҳодисоти нодиранд! Магар ғами инро ҳам мехуред; ба гӯри бобош

Дар ин бора ҳатто сухан гуфтан намехоҳам!.. Хуб, фикр мекунам, ба
истгоҳи баъдӣ наздик мешавем.
– Шумо озими куҷоед? – мепурсад Петр Петрувич. – Ба Маскав ё
тарафҳои ҷануб?
– Эҳ, саломуалейкум! Ман, ки ба шимол меравам, чӣ тавр мумкин,
ки ба ҷануб?
– Маскав, ки шимол нест.
– Медонам, мо ки ҳоло ба тарафи Петербург меравем! – мегӯяд
Ивон Аликсеевич.
– Лутфи шумо афзун, Маскав равонем!
– Яъне чӣ гуна ба Маскав? – таъаҷҷуб мекунад навдомод.
– Аҷиб… Билетатон барои куҷост?
– Ба Петербуг.
– Дар ин сурат, табрик шуморо. Шумо ба қатори дигар савор
шудаед.
Як лаҳза сукут барпо мешавад. Навдомод бармехезад ва ба
атрофиён аблаҳона назар меандозад.
– Оре, оре, – тавзеҳ медиҳад Петр Петрувич. – Иштибоҳан дар
Булугое, ба қатори дигар нишастаед… Шумо, зоҳиран, баъди коняк,
ночор саргаштаи қатори ҷиҳати акс шудаед.
Ранг аз рухсори Ивон Аликсеевич мепарад, сарашро миёни ду
даст мегирад ва дар вагон аҷулона қадам мезанад.
– Оҳ, мани аҳмақ! – оташин мешавад ӯ. – Оҳ, мани бадҷинс, хок
бар сари ман! Акнун чӣ кор кунам? Охир занам дар қатори дигар аст!
Танҳост он ҷо, интизор аст маро, азият мекашад! Оҳ, мани матарсак!
Навдомод рӯйи диван меуфтад ва хиҷолат мекашад, дақиқан ӯро
болои сӯхта намакоб шуд.
– Одами бадбахте ҳастам! – нола мекунад. – Ҳоло чӣ кор кунам?
Чӣ коре?
– Хайр аст, хайр… – мусофирҳо дилбардорияш мекунанд. – Ҳич
гап не… Шумо ба завҷаатон телегроф бифиристед, худатон ҳам саъй
кунеду сари роҳ ба қатори қосид нишинед. Ба ин тартиб, шумо вайро
дарёб мекунед.
– Қатори қосид! –гиря мекунад навдомоди «халлоқи хушбахтии
хеш».. – Пул аз куҷо барои қатори қосид? Ҳама пулам дар дасти занам!
Мусофирҳо, пич-пичкунону хандон барои ин хушиқбол ҳарифона
пул ҷамъ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ