Диду боздиди пиронсолон

Таи як ҳафта дар тамоми маҳаллаҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон зери шиори «Эъзози пиронсолон, эҳтиром ба онҳо фазилати беҳтарини халқи мост» тадбири маънавию маърифатии «Ҳафтаи пиронсолон» доир гардид. Бо баҳонаи ин тадбир пиронсолон бо ҳам наздиктар шуданд, бо бозиҳои варзишӣ машғул гардиданд, ба зиёрати ёдгориҳои меъморӣ баромаданд. Шифокорони қитъа аз ҳоли сиҳатмандии пиронсолон огоҳ шуданд.
Қисми ниҳоии тадбири гулбоғиён дар мактаби таълими умумии рақами 17‑и ноҳия баргузор гардид. Нурониёни маҳаллаи Гулбоғ меҳмони мактаб шуда, айёми наврасиву ҷавониашонро ба ёд оварданд. Хонандагон шеъру суруд хонданд, рақсу бозӣ намуданд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ меҳмононро хушҳол гардонид. Шогирдони мактаб чистон мегуфтанду пиронсолон бо шавқ ҷавоб меҷустанд. Ғолибон тӯҳфа мегирифтанд, ба саволҳои бачаҳо посух медоданд.
– Дар тадбир иштирок намуда, беихтиёр ба олами бачагӣ сайр кардам, – гуфт собиқадори меҳнат Болтақул Турсунови 85‑сола. – Дилам аз нав ҷавон гашт. Ба ташкилотчиён изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ташаккурномаи ҷонишини вазири дастгирии маҳалла ва оила Содиқҷон Турдиев ба сарвари нурониёни деҳаи Гулбоғ Орзуқул Мансуров кайфияти пиронсолонро болида гардонид. Раиси маҳалла Озодҷон Хидиров низ ба ҳар як пири хирад, ки барои ободӣ ва тарбияи насли наврас хизмати босазо мекунад, ташаккурнома супорид. Муборакбодӣ ва суханони депутати Шӯрои намондагони халқи ноҳия, фарзанди ҳамин маҳалла Зафарҷон Зайниддинов, ҷонишини директори мактаби таълими умумии рақами 17 Лола Шодиқулова, ки гузаронидани чунин тадбирҳоро ба нафъи кори маҳалла, оила ва ҳамкорӣ бо мактаб иброз намуданд, писанди ҳозирон гардид.
Пиронсолон бо дили кашоли сӯҳбат бо ҳамдигар ва умеди боздиди наздик сӯи хонаҳошон равон гаштанд.
Дилрабо НАСИМӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ