Тоҷикистон барои 14 кишвари дигар гирифтани визаро сода кард Эмомалӣ

Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат ҷадвали кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон метавонанд сода раводиди сафар ба Тоҷикистонро гиранд, васеъ намуд. Ҳукумат ба ҷадвали кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ҳаққи гирифтани раводиди сафар ба Тоҷикистон аз тариқи низоми содакардашударо доранд, 14 давлати дигарро илова намуд.

Бар асоси қарори ҳукумат, ки охири моҳи сентябри соли равон имзо гардид, дар маҷмуъ шаҳрвандони 125 давлат метавонанд осону сода раводиди сафар ба Тоҷикистонро гиранд.

Дар миёни 14 кишвари ҷадиди ин ҷадвали Шоҳигарии Камбоҷа, Бутан, Ҳондурас, Кабо-Верда, Нигарагуа, Гана, Камерун, Бенин, Танзания, Кения, Лаос, Конго, Бангладеш ва Буркина Фасо зикр шудаанд.

Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон низоми раводидро барои аксари кишварҳои ҷаҳон сода кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, раводид бояд давоми на бештар аз 20 рӯз баррасӣ ва дода шавад. Дар бархе ҳолатҳо баррасии дархости раводид метавонад тамдид гардад, аммо муқаррар шудааст, ки муҳлати тамдид набояд беш аз 10 рӯзро ташкил диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ