Заҳматкашу пуртоқату пурбор муаллим…

Солҳои охир ба фахриёни меҳнат, нурониён аз тарафи Президенти мамлакат эътибори калон дода мешавад. Инро мо дар тадбире, ки ба шарафи 30‑солагии мустақилии мамлакатамон ҳокимони ноҳияҳо таҳти унвони «Вохӯрии се авлод» гузарониданд, дубора шоҳид гардидем.
Дар санаи 30‑юми сентябри соли ҷорӣ низ бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов аз ҳар шаҳру ноҳияи вилоят 18–20 нафарӣ собиқадори меҳнат, фаъолону пешқадамони соҳаи таълим ба шарафи Рӯзи муаллим ва мураббиён саёҳат ташкил карда шуд.
Аз ҷумла, мо фахриёни меҳнат, чанд нафар собиқадори соҳаи таълими ноҳияи Самарқанд, ки ҳаёти хешро барои бо илму маърифат гардонидани насли ҷавон бахшидаем, ба базмгоҳи «Садаф»-и шаҳр омадем. Дар ин ҷо аз ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо муаллимону ходимони пешқадами соҳаи таълим ҷамъ омада буданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҳозиронро бо иди муаллим ва мураббиён табрик намуда, оиди хизмати пуршарафи омӯзгорон ва саҳми онҳо дар ривоҷу равнақи Самарқанди ҷаннатмакон ҳарф зад. «Сабабгори асосии ин муваффақияту пешравиҳо маҳсули меҳнати муаллим – устодон аст» – гуфт ӯ.
Сипас, ҳамаи ҳозирон ба зиёрати мақбараи Амир Темур омада дуои фотиҳа кардем. Мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ, Мирзо Улуғбекро зиёрат намуда, атрофашро тамошо кардем.
Баъд аз Хонаи Маданияти вилоят – «Нурафшон», ки хеле боҳашамату зебо буд, дидан кардем.
Пас аз тамошои қасри фарҳанг ва кинофилми ҳиндӣ ба сӯи корхонаи коғазбарории «Конигил мерос» роҳ гирифтем. Ин ҷо дар атрофи дастархони пур аз нозу неъмат шукронаи замони тинҷу ҳаёти фаровон кардем. Сарояндагони хушовоз бо сурудҳои дилкаш тараннуми истиқлол, Ватан, муҳаббат, васфи дӯстиву рафоқат менамуданд.
Тадбир дар амфитеатри «Мӯҷиза»-и шаҳри Самарқанд идома ёфт.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов ба як қатор пешқадамони соҳаи таълим орден, медал ва мукофотҳои давлатӣ супорид. Аз ин ғамхорӣ, эътибор, лутфу меҳрубонӣ ва дастгирии омӯзгорон дили мо собиқадорони соҳа чун кӯҳ бардошта шуд. Воқеан имрӯзҳо дар кишвари мо бобати баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон дар ҷамъият чорабиниҳои муҳим андешида мешавад, корҳои шоёни таҳсин амалӣ мегардад. Мо ба шогирдон ёдрас мекунем, ки ин ҳама ғамхорӣ ва имкониятҳоро қадр кунанд, барои таълиму тарбияи насли хушбахт аз шароитҳои фароҳамгардида пурсамар истифода намоянд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА,
Толиб ЮНУСЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ