ҚОНУН БАРОИ ҲАМА БАРОБАР АСТ

Вақте ки саҳарӣ ба кор мешитобед, баробари ворид шудан ба истгоҳи метро корманди корҳои дохилӣ, ки дар назди турникет меистад, «Ассалому алайкум» гӯён истиқбол мегирад ва «Марҳамат, бигзаред» гӯён мулозамат нишон медиҳад. Аз муомилаи хуши ӯ рӯҳатон болида гардида, коратон боз ҳам самаровартар мегардад. Оре, як вақтҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шаҳрвандони оддӣ салом додан он тараф истад, ба саломи онҳо ҳатто ҷавоб доданро ба худ эб намедиданд. Ба қоидаҳои одоб риоя кунанд мешудааст-ку!
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ пурзӯр гардонда шудани ҷазо барои аз ҷониби намояндаи ҳокимият иҷро карда нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Гвардияи миллӣ ва зиёд гардонда шудани миқдорҳои ҷарима баҳси шадид сурат мегирад. Минбаъд барои чунин хатту ҳаракат ҷарима аз 50 то 100 баробари МҲБ (қаблан танҳо то 50 баробар); аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум кардан (қаблан то 1 сол); аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум намудан (қаблан то 1 сол) пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумот, сабаби татбиқи чунин чораҳо афзудани мамониат нишон додан ба фаъолияти қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Соли 2018 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи қонунӣ, аз қабили боздоштани ҳуқуқвайронкунандаҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои санҷиш, боздоштани воситаи нақлиёт 24 185 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам дар соли 2019-ум 29 575 ва дар соли 2020-ум 38 911ададро ташкил дод.
Инчунин, ба чораҳои ҷазои татбиқшуда нигоҳ накарда, аз ҷониби шаҳрвандон дар соли 2018-ум 972, соли 2019-ум 2265 ва соли 2020 4169-то ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ такроран содир шудааст.
Мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки дар он қонун волоият дорад. Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон бояд ҳатман ба Конститутсия ва қонунҳо риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаън ва қадру қимати шаҳрвандони дигарро эҳтиром намояд. Мутаассифона, баъзеҳо вақтҳои охир ҳатто ба муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ таҷовуз мекунанд.
Биёед як наворро бо иштироки шаҳрвандон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет паҳн шудааст, тамошо кунем. 28 августи соли равон кормандони хидмати патрулии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Янгиҳаёт Ҳикматилло И. ва Фарҳодҷон X. дар наздикии парки автобусҳои рақами 12-и маҳаллаи «Спутник 15» ду нафар шаҳрванд — Турсунбой Н.-и 27-сола ва Улуғбек Г.-и 30-соларо, ки ҳаракатҳои шубҳаовар доштанд, мебинанд. Кормандони мақомот ба назди шаҳрвандон омада, худро муаррифӣ мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки бе ниқоб гаштан дар ҷои ҷамъиятӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Сипас, ба мақсади равшанӣ андохтан ба шахси шаҳрвандон онҳоро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват мекунанд. Аммо ҷавонон дағалона муқобилат нишон дода, ба талаботи қонунии кормандони корҳои дохилӣ итоат намекунанд. Турсунбой бо сараш ба бинии Ҳикматилло И. зада, ӯро захмӣ мекунад. Боздошти Турсунбой ва Улуғбек аз ҷониби кормандони посгоҳи патрулӣ, ки ба ҷои ҳодиса омадаанд, наворбардорӣ карда шудааст. Вайронкунандагони қонун ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ҷабрдида ба муассисаи тиббӣ расонда шуданд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои оид ба ин далел ҷамъоваришуда прокуратураи ноҳияи Янгиҳаёт нисбати Турсунбой Н. бар асоси моддаи 219, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Муқовимат нишон додан ба намояндаи ҳокимият ё шахсе, ки қарзи шаҳрвандиашро адо менамуд») парвандаи ҷиноӣ кушод.
Аз мисоли дар боло овардашуда аён мегардад, ки иҷро накардани талаби қонунии корманди корҳои дохилӣ ва ба вай расонидани зарари ҷисмонӣ беҷазо намемонад. Ин ҳолат бояд барои ҳар яки мо дарси ибрат бошад.
Охир, мо дар ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем. Дар чунин ҷомеа талаботи қонун барои ҳама баробар аст. Мо ғайр аз донистани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии худ, бояд ба талаботи қонунҳои амалкунанда ва меъёрҳои ҳуқуқӣ риоя кунем.

Зӯҳра ИБРАГИМОВА,
муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ