Дар байни Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон ва Хидмати пробатсияи Вазорати корҳои дохилӣ меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид

Бо ташаббуси Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон дар фаъолияти хизмати пробатсия» баргузор гардид.
Дар он аъзои Кумитаи Сенат оид  ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ ва Комиссия оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман), вакилони Хидмати пробатсияи ВКД, Вазорати маҳалла ва дастгирии оила, Вазорати шуғл ва муносибати меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва журналистон ширкат намуданд.
Ин ҳамоиш бо мақсади таҳияи пешниҳодот ва тавсияҳо дар заминаи баланд бардоштани самаранокии хидмати пробатсия, аз он ҷумла ҳимояи ҳуқуқ, бо роҳи таҳлили вазифаҳои муштарак, ки вазорат ва идораҳо оид ба мадади иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва психологии шахсони зери назорат, аз он ҷумла таъмини ҳуқуқи инсон ташкил гаштааст. 
Барои маълумот бояд таъкид кард, ки ҳамагӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ дар мамлакат соли 2020 нисбати 74 фоизи маҳкумшудагон ҷазоҳое татбиқ гаштаанд, ки бо маҳрум намудан аз озодӣ иртибот надоранд. Ин афзоиш дар навбати худ аз серкории ходимони Хидмати пробатсия гувоҳӣ медиҳад, ки ба қарибӣ таъсис гаштааст.
Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани қонунгузории ҷиноиву иҷроӣ» омадааст, ки яке аз вазифаҳои асосии зерқисмҳои пробатсия босамар ташкил намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар бобати иҷрои ҷазо, ки бо маҳрум намудан аз озодӣ иртибот надоранд, ба хотири ҳамкорӣ бо мақомот ва ташкилотҳои дигари давлатӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Ғайр аз ин ба онҳое, ки зери назорат ҳастанд ва дар шуъбаҳои пробатсия мебошанд, машваратҳои ҳуқуқӣ ва ғайра пешкаш мегардад, ки дар сурати бо соҳибкорӣ ва дигар намуди меҳнати муфид  машғул гардидан ва ҳамчунин дар бобати дастёбӣ ба кредитҳои истеъмолӣ ҳамдастӣ карда мешавад.
Мутаассифона, сарфи назар аз чандин иқдоми мусбӣ, соли 2020 ҳолатҳои риоя накардани қонун ва барқасдона аз ҷазо саркашӣ намудани маҳкумшудагон, нисбаташон ба ҷои муҳлатҳои ҳанӯз иҷронашуда ҷазои маҳрумият аз озодӣ муқаррар карда шудаанд.
Бинобар гуфтаҳои боло, иштирокдорон масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи ташкили босамари ҳамкорӣ бо мақомот ва ташкилотҳои марбути давлатӣ ва ҳамчунин ҷамъияти шаҳрвандӣ доир ба мадади иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва психологӣ ба шахсоне, ки зери назорати Хидмати пробатсия ҳастанд, муҳокима намуданд.
Дар доираи «мизи мудаввар» меморандум байни Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) ва Хидмати пробатсияи Вазорати корҳои дохилӣ ба имзо расид.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ