Олмон ташхиси бепули коруноро бекор кард

Дар Олмон ташхиси ройгони коронавирусро барои шаҳрвандони аз эмгузаронӣ дасткашида бекор карданд. Ҳоло онҳо барои ташхиси лабораторӣ бояд 20 евро пардохт кунанд. Ба гуфтаи мақомот, ин иқдомест, ки бояд як қишри ҷомеаро маҷбур кунад, ки воксин гиранд.

Ҳамзамон, Руминия чун кумаккунандаи иловагӣ барои пиронсолон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ вояи сеюмро ҷорӣ карданист. Ин маърака дар ҳоле сурат мегирад, ки шумораи гирифторони ин вирус дар кишвар ба таври бесобиқа боло меравад ва табибон мегӯянд, ки 90 дарсади беморон зидди коронавирус эм карда нашудаанд. Қаблан ҳамоҳангсози маъракаи миллии эмгузаронӣ вазъ дар Руминияро бо он ҳоле ки Италия соли гузашта аз сар гузаронида буд, муқоиса кард. Дар кишвар карантинҳои маҳаллӣ эълон кардаанд, масалан роҳҳои вуруду хориҷ аз шаҳри бузурги Дробета-Турну Северин дар ҷанубу ғарби Руминия бинобар мавҷи чоруми пандемия баста шуд.

Дар Британияи Кабир низ маъракаи эмкунӣ ин дафъа бар зидди зуком рафта истодааст. Масъулон ният доранд, ки 35 миллион нафарро бар зидди вируси мавсимӣ эм кунанд, зеро метарсанд, ки дар сурати шиддат ёфтани коронавирус ва зуком шумораи фавт афзоиш хоҳад ёфт.

Духтурон ёдовар мешаванд, ки зуком соли гузашта бо чораҳои маҳдудкунанда қатъ карда шуда, хусусан дар ин мавсим ҳушдор додаанд: он метавонад бадтар шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ