ЧАРОҒИ САБЗ


Александр Грин

I

Соли 1921, айёми зимистон, дар кунҷи Пикадилли ва тангкӯчае ду хушлибоси миёнсол қарор гирифтанд. Навакак аз тарабхонаи гароннархе баромада буданд онҳо. Шом хӯрданд он ҷо, шароб нӯшиданд ва бо ҳунарпешазанони театри Дрюрилен хушгӯиҳо карданд.
Ва инак диққаташонро шахси бадлибоси тахминан биступанҷсолаи беҳаракат хобида, ки дар атрофаш издиҳом ҷамъ мешуд, ҷалб намуд.
– Стилтон! – гуфт бо нафрат марди фарбеҳ ба рафиқи қоматбаланди худ, ки хам шуда, азпоафтодаро аз назар мегузаронд. – Чӣ ин қадар бо як мурдор худро машғул медорӣ? Маст аст ӯ, ё мурдааст.
– Гушнаам ман, намурдаам, – ғур-ғур кард он бадбахт ва нимхез шуд, ки Стилтони баандешарафтааро бубинад. – Аз ҳуш рафтам.
– Реймер! – овоз баровард Стилтон. – Тақдир имкони шӯхӣ фароҳам овард, фикри аҷибе ба сарам омад. Дилхушиҳои одатӣ ба дилам задаанд, гумон мекунам, ки танҳо бо роҳи бозича кардани одамон хуб дилхушӣ кардан мумкин.
Ин суханон оҳиста гуфта шуданд, аз ин рӯ, шахси хобида, ки акнун нимхез шудаву ба панҷара такя зада буд, нашунид.
Реймер, ки парвои чизе надошт, бо нафрат китф дарҳам кашида, бо Стилтон хайрухуш кард ва сӯи дилхушхонаи шабонаи дӯстдоштааш роҳ пеш гирифт. Стилтон бошад, бо дастгирии издиҳому ёрии полисон марди бекасукӯйро ба кэб шинонд ва чорчарха сӯи трактири Гай-стрит равон шуд.
Оворамард Ҷон Ив ном дошт. ӯ барои кор ёфтан аз Ирландия ба Лондон омада буд. Сағирае буд, дар хонадони ҷангалбон ба воя расида. Фақат мактаби ибтидоиро хатм карда буду тамом. Понздаҳсола буд, ки сарпарасташ вафот кард, фарзандони баркамоли ҷангалбон ба ҳар тараф – яке ба Америкаву дигаре ба Уэлси Ҷанубӣ, сеюмӣ ба Аврупо – рафтанд ва Ив чанде дастёри фермере шуд. Баъд бори вазнини ангиштканӣ, маллоҳӣ, ходимии трактирро кашид, дар бистудусолагӣ силкасалро аз сар гузаронд ва аз беморхона ҷавоб шуда, бахташро дар Лондон санҷидан хост. Вале аён шуд, ки ин ҷо низ коре ёфтан осон нест. Вай шабро дар боғҳову бандарҳо мегузаронд, азоби гуруснагӣ мекашид, гӯшту устухон шуда буд ва чунон ки дидем, аз ҷониби Стилтон – соҳиби анборҳои тиҷоратии Сити дастгирӣ ёфт.
Стилтон дар чил соли умраш ҳама чизеро, ки ба баҳои пул як муҷарради аз фикри сарпаноҳу ғизо фориғ чашида метавонад, дида буд. Бист милён фунт сарват дошт ӯ. Амали барои Ив андешидааш кори беҳудае беш набуд, вале Стилтон бо он фахр мекард, чунки худро шахси хушхаёлу соҳиби тахайюли дилфиреб мепиндошт.
Вақте ки Ив шикамсерӣ хӯрок хӯрдаву шароб нӯшида, саргузашташро ба Стилтон нақл кард, вай гуфт:
– Ман барои шумо пешниҳоде дорам, ки аз шуниданаш чашмонатон хоҳанд дурахшид. Инак, бишнавед: даҳ фунтатон медиҳам, ба шарте ки дар яке аз кӯчаҳои марказӣ, ошёнаи дуюм, хонае иҷора бигиред, ки тирезааш сӯи кӯча бошад. Ҳар бегоҳӣ, дақиқан аз соати панҷ то дувоздаҳи шаб дар пеши тиреза, таъкид мекунам – ҳамон як тиреза – бояд чароғе даргиронед, ки сарпӯши сабз дошта бошад. То сӯхта тамом шудани чароғ, аз соати панҷ то дувоздаҳ, аз хона намебароед, касеро қабул намекунед ва бо касе гап намезанед. Хулоса, корест осон ва, агар розиед, ҳар моҳ бароятон даҳ фунт мефиристам.
– Агар мазоҳ накунед, ҳатто розиам, ки номамро фаромӯш кунам, – ҷавоб дод Ив, ки аз ин пешниҳод сахт ҳайрон шуда буд. – Лекин бигӯед, ки ин хушбахтии ман чӣ қадар давом мекунад?
– Маълум нест. Шояд соле, шояд тамоми умрат.
– Боз беҳтар. Лекин ҷуръат карда мепурсам, ки чӣ лозим аст ба шумо ин чароғисабздаргиронӣ?
– Махфӣ! – ҷавоб дод Стилтон. – Сахт махфӣ! Чароғ ишора ба одамону корҳоест, ки шумо дар бораашон ҳаргиз чизе нахоҳед донист.
– Фаҳмидам. Аниқаш, чизе нафаҳмидам. Хуб, бидиҳед пулро ва хотирҷамъ бошед, ки худи пагоҳ дар тирезаи манзиле, ки маълуматон хоҳам кард, чароғи сабзе хоҳам афрӯхт, – гуфт Ҷон Ив.
Ҳангоми хайрухуш Стилтон гуфт:
– Боз бидонед, ки маълум нест, кай, шояд баъди як моҳ, шояд баъди як сол, хулоса, тамоман ногаҳонӣ ашхосе наздатон меоянду сарватмандатон мекунанд. Чарову чӣ хел – ҳақ надорам, ки бифаҳмонам. Лекин ҳатман ҳамин хел мешавад…

– Худоё! – гуфт зери лаб Ив аз паси кэбе, ки Стилтонро мебурд, нигариста ва коғази даҳфунтаро андешамандона печутоб тода. – Ё ин мардак ақлашро хӯрдааст, ё бахти ман хандидааст! Ин қадар пул бидиҳӣ, ки ман ҳар рӯз ним литр карасин бисӯзонам!
Бегоҳии рӯзи дигар тирезаеро дар ошёнаи дуюми бинои дилгири рақами 52 дар Ривер-стрит нури маҳини сабз мунаввар намуд.
Ду раҳгузар аз бинои рӯбарӯ чанде ба тирезаи сабзфом нигариста истодаанд; баъд Стилтон гуфт:
– Ана, ҳамин хел, Реймери азиз, ҳар вақте ки зиқ шудед, биёед ин ҷову табассум бикунед. Он ҷо, дар паси он тиреза, аблаҳе нишастааст. Аблаҳе, ки бисёр арзон ба ман фурӯхта шудааст. Аз зиқӣ ё майзада мешавад, ё аз ақл бегона… лекин намедонад, ки чиро интизор аст. Ана, худаш!
Дар ҳақиқат, тарҳи хирае пешониашро ба шишаи тиреза монда, ба кӯчаи тирафом менигаристу гӯё мепурсид: «Кист он ҷо? Чиро интизор бишавам ман? Кӣ хоҳад омад?»
– Худатон ҳам аблаҳед, азизам, – гуфт Реймер дасти дӯсташро гирифтаву сӯи автомобил ҳидоят намуда. – Чӣ ҷои ханда аст дар ин «шӯхӣ»?
– Бозича… бозичае аз одами зинда, – посух дод Стилтон, – луқмаи ширинтарин.

II

Яке аз рӯзҳои соли 1928 беморхонаи камбизоатонро, ки дар як гӯшаи Лондон ҷойгир буд, оҳу нолаи мудҳише пур кард: пирамарди чиркину гандалибоси чеҳракоҳидае, ки ҳозиракак оварда будандаш, аз дарди ҷонкоҳ фарёд мекард. Дар зинаҳои рӯсабихонаи торик пешпоӣ хӯрда, пояшро шикаста буд ӯ. Ҳолаш бад буд, чунки аз шикасти устухон рагҳо канда шуда буданд.
Духтур он бечораро муоина намуда, бинобар вараме, ки оғоз шуда буд, чарроҳӣ таъйин кард. Баъдан пирамарди беҳолро ба кат хобонданд ва дарҳол хобаш бурд.
Бедор шуда, дар наздаш ҳамон ҷарроҳеро дид, ки ӯро аз пои рост маҳрум кард.
– Ана, мо чӣ хел вохӯрдем, – гуфт духтур, марди ҷиддии қоматбаланд, ки нигоҳи ҳазине дошт. – Шинохтед маро, ҷаноби Стилтон? Ҷон Ивам, ҳамоне ки навбатдории ҳаррӯзаи назди чароғи фурӯзони сабзро фармуда будедаш. Ман шуморо аз нигоҳи аввал шинохтам.
– Лолам! – зеҳн монда, ғур-ғур кард Стилтон. – Чӣ рухдоде! Магар ҳамин хел шуданаш мумкин аст?
– Бале. Бигӯед, ки чӣ шуморо ба ин ҳол расонд?
– Хонахароб шудам ман… Чанд додугирифтро бохтам… дар биржа бесарусомонӣ рух дод… Инак, се сол аст, ки нестам ман… шумо чӣ, шумо?
– Ман чанд сол лампаро фурӯзон доштам, – табассум кард Ив, – аввал аз зиқӣ, баъд бо рағбат ҳама чизеро, ки ба дастам меафтод, хондан гирифтам. Боре китоби анатомияро, ки дар рафи он хона мехобид, кушодаму моту мабҳут мондам. Пеши назарам дунёи ҷолиби асрори ҳастии инсон ба ҷилва даромад. Бехудона тамоми шаб дар сари он китоб нишастам ва пагоҳӣ ба китобхона рафта, пурсидам: «Барои духтур шудан чиро бояд биомӯзӣ?» Посух писхандомез буд: «Математика, геометрия, ботаника, зоология, морфология, биология, фармокология, лотинӣ ва ғайраву ҳоқазо». Лекин ман якравона савол додан гирифтам ва ҷавобашро барои хотира сабт кардам. Он вақт ман аллакай ду сол боз чароғи сабз меафрӯхтам ва боре ба хона баргашта (чун аввалҳо дигар ҳафт соат бефоида нишастанро зарур намедонистам), шахси кулоҳпӯшеро дидам, ки ё бо алам, ё бо нафрат ба тирезаи ман менигарист.
«Ив аҳмақи аҳмақ аст, – зери лаб гуфт он шахс маро надида. – Муъҷизаи ваъдагиро интизор аст… Оре, ӯ ақаллан умед дорад, ман бошам, акнун чизе надорам… хонахаробам!»
Он шахс шумо будед… Баъд илова кардед: «Шӯхии аҳмақона, пулҳоро бабод додан лозим набуд».
Дар хонаи ман китоби кофӣ мавҷуд буд, ки биомӯзиву биомӯзиву биомӯзӣ. Ба рағми ҳама чиз биомӯзӣ. Он вақт, дар он кӯча қариб ба зери манаҳатон як мушт фуроварданӣ будам, лекин ба ёд овардам, ки маҳз аз шарофати саховати таҳқиромези шумо соҳиби маърифат шуданам имконпазир гардид…
– Баъд чӣ шуд? – оҳиста пурсид Стилтон.
– Баъд? Хуб шуд. Агар хоҳиш самимӣ бошад, иҷрои он таъхир намекунад. Дар ҳамон хона ҳамроҳам донишҷӯе мезист, ки нисбат ба ман бетафовут набуд ва ёрӣ расонд. Баъди якуним сол имтиҳонҳои дохилшавии коллеҷи тиббиро супоридам. Чунон ки мебинед, одами қобил будаам ман…
Сукут ҳукмрон гардид.

– Дер боз ба тирезаи шумо наздик нашудаам, – гуфт Стилтон, ки аз нақли Ив моту мабҳут монда буд. – Дер боз… Хеле вақт боз. Лекин ба назарам чунин менамояд, ки ҳоло ҳам дар тоқи он чароғи сабз фурӯзон аст… чароғе, ки шаби тираро мунаввар мекунад… Бубахшед маро.
Ив соаташро аз ҷайб баровард.
– Соат даҳ. Вақти хобатон шуд, – гуфт ӯ. – Эҳтимол баъди се ҳафта аз беморхона бароед. Ҳамин ки баромадед, ба ман занг бизанед, шояд бароятон дар беморхонаамон коре пайдо бикунем, масалан, ба қайд гирифтани нафароне, ки барои табобат меоянд. Ҳа, воқеан, ҳар вақте ки аз зинаҳои торик мефароед, ақаллан… гӯгирдчӯбе биафрӯзед.

11 июли соли 1930

Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ