РОҲНАМОӢ БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР РУСИЯ

Дар истгоҳҳои метрои Маскав ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштаҷоти раҳнамоӣ пайдо шуданд. Ҳанӯз ин навиштаҷот дар ду истгоҳ – «Лесопарковая» ва «Прокшино» истифода шудаанд. Маъмурони пойтахти Русия инро бо он маънидод мекунанд, ки барои меҳмонони шаҳр, ки дар пайи ҷустуҷӯйи Маркази муҳоҷират дар деҳаи Сахарово ҳастанд ва ба осонӣ ин маҳалро пайдо кунанд, иқдом намудаанд, зеро онҳо барои расмӣ кардани будубош ва кори қонунии худ маҳз ба ин ҷо бояд муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси таҷрибаи дигар шаҳрҳои ҷаҳон ишораҳо пайдо шуданд, ки дар онҳо маҳз дар хусуси ба забонҳои муҳоҷирон навишта шудани баъзе лавҳаҳои раҳнамоӣ ва тавзеҳот ким-кай ба анъана даромадааст. Шоистаи зикр мебошад, ки Маскав низ барои муҳоҷирон чунин шароитро ба вуҷуд оварда, ба қатори шаҳрҳои мазкур дохил гаштааст.
Тарҷумаҳо дар лавҳаҳои раҳнамоӣ бидуни хатоҳои имлоӣ ва мазмунӣ анҷом наёфтаанд. Дар баъзе ҷойҳо вақту имло ва мазмуни мафҳумҳо нодуруст нашр гаштаанд, ки ин метавонад боиси роҳгум задани меҳмонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ гардад. Фаразан дар истгоҳи метрои «Лесопарковая» калимаи «Баромад» чӣ ба тоҷикӣ ва чӣ ба ӯзбекӣ дуруст навишта шудааст, аммо дар ҳамин истгоҳ лавҳаи манъкунандаи сурхранг «Даромадгоҳ вуҷуд надорад» дар тарҷума ба забони ӯзбекӣ бо хатои имлоӣ навишта шудааст, ки он гӯё маънои «Даромадгоҳ»-ро медиҳад. Ё худ навиштаҷоти «Автобусы до Миграционного центра (Сахарово)» низ нодуруст тарҷума шудааст.
Дар банди дуюми моддаи 3-юми Қонуни Федералии Русия «Дар бораи забони давлатии Федератсияи Русия» таъкид шудааст, ки дар сурати истифодаи забони хориҷӣ дар баробари забони давлатии Федератсияи Русия матнҳо ба забонҳои русӣ ва хориҷӣ «бояд аз ҷиҳати мазмун ҳаммаъно бошанд».
Дар ин банд қонуни мазкур вайрон гаштааст, аммо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ин роҳ рафтуо мекунанд, бештар дар ташвиши дигар чизҳо ҳастанду бо ин тарҷумаи нодурусти калимот коре надоранд ва ба ҷойе шикоят намебаранд.
Ҳокимияти Маскав эътироф менамояд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар инкишофи пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, ки инро соле, ки гузашт, собит менамояд, ки онро ҳамаи мо зери шиори коронавируси нав паси сар намудем.
Ҳоло нафақат ҳокимияти шаҳри Маскав, балки чандин муассисаи маданӣ ва бонкҳо чунин лоиҳаҳоро ба амал татбиқ менамоянд, ки барои ҳарчи фаъолтар ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаёти ҷамъиятиву иҷтимоӣ нигаронда шудааст. Иқдоми аввалро дар ин бобат Музейи санъати замонавии «Гараж» гузошт, ки ҳамаи лавҳаҳои тавзеҳотиро дар экспозитсияҳо ба забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ тарҷума кард ва ба толорҳои муассисаи маданӣ ба тариқи офлайн ва онлайн ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ экскурсияҳоро роҳандозӣ намуд. «Сбербанк» низ чунин лоиҳаро дар ҷиҳати осон намудани дастрасӣ ба хидматҳояш барои муҳоҷирон роҳандозӣ менамояд. Барои ин музей ва бонкҳо мутарҷимон ва муҳаррирони касбиро ҷалб менамоянд.

Озод ПРИМОВ,
ҳуқуқшиноси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Маскав.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ