Русия: дар як шабонарӯз 302 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд гардид


Тайи шабонарӯзи ахир дар 35 минтақаи Русия 302 ҳолати нави гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора аз ситоди фаврии зидди ин беморӣ хабар дода гуфтаанд, шумори мубталоёни ин беморӣ дар умум ба 1836 нафар мерасад, ки аз он нӯҳ нафар фавтидаанд.
Ба иттилои манбаъ, бештари гирифторони беморӣ дар пойтахти Русия мебошад, ки он ба 1226 нафар мерасад. 
Манбаъ мегӯяд, то кунун 66 нафар аз мубталоёни коронавирус дар Русия шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ