Тедрос Гебрейесус: имрӯз дар мубориза бо коронавирус ҳамшираҳои шафқат дар сафи аввал қарор доранд

Пандемияи COVID-19 бори дигар зарурати тақвият бахшидани кормандони соҳаи тандурустиро дар ҷаҳон баръало намудор кард, аз ҷумла зарурати иловатан ба он ҷалб намудани 5,9 миллион ҳамшираҳои шафқат. Дар ин бора дар гузориши СУТ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар Женева нашр шудааст, гуфта мешавад.
«Дар ҷаҳон ҳамагӣ 28 миллион нафар ҳамшираи шафқат дар хизмати мардум қарор доранд. Аз соли 2013 то 2016 теъдоди онҳо 4,7 миллион зиёд шудааст, вале нарасидани ҳамшираҳои шафқат дар рӯи олам ҳанӯз ҳам боқӣ монда, он 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад»,- изҳор дошт СУТ. Ин норасоӣ дар Африка, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Баҳри Миёназамин ва як зумра кишварҳои Америкаи Лотинӣ баръало эҳсос мегардад. Аслан 89 фоизи норасоии ин табақаи кормандони тибб дар кишварҳои камбизоат дида мешавад.
Дар минтақаи Аврупо ва кишварҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ синни миёнаи ҳамшираҳои шафқат нисбат ба ҳампешагони онҳо дар кишварҳои дигар ба маротиб бузургтар аст. Ба давлатҳои мазкур тавсия дода шуд, ки сафҳои худро аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пурра карда, маҷмӯи тадбирҳоро барои нигоҳ доштани кадрҳо таъмин созанд. Коршиносон ҳамчунин ба нобаробарии гендерӣ ишора менамоянд, чунки 90 фоизи кормандон аз ҳисоби занон аст. Сарфи назар аз ин, занҳоро дар вазифаҳои роҳбарикунандаи низоми тандурустӣ аҳён дидан мумкин аст, омадааст дар гузориш.
Ба қавли коршиносон, барои ҳал намудани ин мушкилот кишварҳое, ки дар онҳо норасоии ин табақаи кормандон дида мешавад, бояд хатмкунандаҳои таҳсилоти миёнаи махсусро ба ҳисоби миёна ҳар сол 8 фоиз афзун намоянд ва ба ин восита ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шаванд.
Тавре директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус мегӯяд, имрӯз дар набард бо коронавирус ҳамшираҳои шафқат дар сафи аввал қарор доранд. Ӯ нақши назарраси ҳамшираҳоро бори дигар ёдрас намуда, даъват кард, ки онҳоро дар ҳама ҳолат бояд дастгирӣ намуд.
Гузориши «Вазъи кори ҳамширагӣ дар ҷаҳон» бори аввал нашр гардид. Нашри он ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандрустӣ рост омадааст, ки ҳамасола 7 апрел таҷлил мешавад. СУТ соли 2020-ро Соли байналмилалии ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон доштааст, аз ин рӯ шиори Рӯзи умумиҷаҳонии имсола- “Ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳоро дастгирӣ менамоем” мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ