Дар Қазоқистон беш аз 200 нафар ходимони тиб бо коронавирус сироят карданд


Аз рӯзи ворид шудани сирояти коронавирус дар Қазоқистон ба беш аз 200 кормандони соҳаи тиб сирояти коронавирус муайян карда шуд. Ин рақам 20,5% шумораи умумии беморони кишварро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси Кумитаи ҷумҳуриявити тандурустӣ Людмила Бюрабекова хабар дод.
Дар Қазоқистон 979 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки 12-тои онҳо вафот кардаанд.

«Дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ 211 ҳолати сироятёбӣ ба назар мерасад ва ин 20,5% шумораи умумии беморонро ташкил медиҳад «-, гуфт Бюрабекова дар ҷамъомади матбуотӣ.
Мувофиқи маълумоти ӯ, чунин ҳолатҳо дар муассисаҳои тиббии 13 минтақаи кишвар ба қайд гирифта шудааст. Аммо, аз ҳама баландтарин дар вилоятҳои Нур-Султон, Алмаато, Қазоқистони Шимолӣ ва Атырау ба назар мерасад.
Инчунин, қайд гардид, ки кормандони тиббӣ аз сирояти COVID-19 бо муҳофизати зарурии тибби кофӣ таъмин нагаштаанд. Ғайр аз ин, ҳолати техникии беморхонаҳое, ки дар он ҷо фаъолият мекунанд, ба талабот ҷавобгӯ нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ