Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзаков бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард

5 июни 2021 мулоқоти ҷонишини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков, ки бо сафари якрӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ