Дар ҷамъомади Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ тахминан 50 масъала баррасӣ гардид

Аз 15 то 18 июни 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ ҷраёни омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон), Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиғаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” ва дигар чорабиниҳоро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хос ба муҳтавои он чорабиниҳо зоҳир намуданд.
Инчунин, дар ҳошияи ҷаласаи ШҲМ СҲШ 17 июн дар Тошканд вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва давлатҳои шарикони муколамавии СҲШ (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка) доир гардид.
Зимни вохӯрӣ табодули афкор перомуни роҳҳои эҳтимолии зиёд намудани саҳми давлатҳои нозир ва шарикони муколамавӣ ба фаъолияти Созмон сурат гирифт.
ШҲМ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ