Як гурӯҳ самарқандиён дар асоси Фармони Президенти мамлакат бо унвонҳои фахрӣ сарфароз гардиданд

Як гурӯҳ ҳамватанонамон дар асоси Фармони Президенти мамлакат ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар барои саҳми муносиб дар роҳи мустаҳкамсозии истиқлолияти Ватан, афзунсозии маънавияти мардум, бо истеъдоди намоён, эҷоди серпаҳлӯ, фаъолияти илмиву амалии босамар иҷро кардани хизматҳои бузург бобати рушди соҳаҳои илму фан, таълим, тандурустӣ, варзиш, адабиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Модар-Ватан, эҳтироми арзишҳои умуминсонӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамоатӣ бо унвонҳои фахрӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо аз вилояти Самарқанд зеринҳо ҳастанд:
Бо унвони ифтихории «Ўзбекистон Республикасида хизмат кўрсатган маданият ходими»
Намуратов Эшбек Кунгирович – роҳбари бадеии ансамбли халқии фолклор-этнографии “Чавқи”-и тобеи шӯъбаи маданияти ноҳияи Булунғур
Бо ордени “Меҳнат шуҳрати”
Пардаев Туйма – устои пешсафи саҳнаи Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд
Бо ордени “Дӯстлик”
Лақаев Саидаҳмад Норҷигитович – мудири кафедраи математика-физика ва анализи функсионалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Муродова Саодат Ғаниевна – тарбиядиҳандаи муассисаи таълими томактабии рақами 3-и ноҳияи Иштихон
Мустаев Камол Тӯронович – дотсенти кафедраи тадқиқотҳои маҷмӯии туризми Донишгоҳи байналмилалии туризми “Роҳи абрешим”
Бо ордени «Соғлом авлод учун» дараҷаи II
Орифова Бибисора – роҳбари ҷамъияти “Раҳмдиллик”-и вилоят
Эргашев Бердиқул Ҷӯрақулович – саршифокори Маркази хусусии тиббии “Эргаш ота”-и ноҳияи Каттақӯрғон
Бо ордени “Саломатлик” дараҷаи II
Раҳимова Олима Аминовна – шифокори шӯъбаи анестезиология ва пеаниматсияи Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилояти Самарқанд
Турдиева Нисо Саидқуловна – шифокор-кардиохирурги шӯъбаи кардиохирургияи Маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагонаи вилояти Самарқанд
Бо ордени “Шуҳрат”
Исоқов Ғайрат Суюндиқович – сарвари хоҷагии фермерии “Чорвачи”-и ноҳияи Ҷомбой, чавандоз
Ҳакимов Илҳом Халилович – ҷонишини директори Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд доир ба корҳои илмӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ