Қувваи барқ дар зимистон муаммо намешавад

Одатан дар фасли зимистон дар аксар минтақаҳо муаммои қатъшавии қувваи барқ бештар ба назар мерасад. Бо мақсади пешгирии ин гуна ҳолат ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони филиали ҳудудии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» -и Самарқанд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рӯзноманигор ва блогерҳо пресс-тур ташкил карда мешавад. Дар доираи чорабинии навбатӣ рӯзноманигорон бо фаъолияти шӯъбаи таъминоти электри Қорадарёи тобеи филиали Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари»-и Самарқанд, захира-ашёи ба мавсими тирамоҳ-­зимистон омодакардашуда, ҷараёни кори операторҳои хонаи диспетчерии шӯъба шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки шӯъбаи мазкур дар шаҳраки Панҷшанбе ҷойгир буда, моҳи ноябри соли 1991 ташкил гардидааст ва қисми асосии аҳолӣ ва ашхоси ҳуқуқии ноҳияро бо қувваи барқ таъмин менамояд.
— Ба ҳолати 1‑уми октябри соли равон қарздории дебитории шӯъба 79 572,7 миллион сӯмро ташкил мекунад. Соли равон дар миқёси ноҳия аз рӯйи 390‑то ҳолати ғайриқонунии васлкунӣ ба сохтор ба миқдорӣ 2 411,5 миллион сӯм далолатномаҳо тартиб дода шуд, — гуфт сарвари шӯъба Рустам Авазов. — Дар ноҳия сохтори ҳавоии эбарқрасонӣ 1906,1 километрро ташкил медиҳад. То ҳол дар 416,7 километр сохтори барқрасонӣ корҳои таъмири ҷорӣ амалӣ гардиданд. Барои мавсими тирамоҳ-­зимистон 212,7 километри сохтор мукаммал таъмир гардид. Дар ноҳия 1375 дона пункти трансформатор мавҷуд буда, 1084‑тоӣ он дар баланси Корхонаи сохтори электри Қорадарё ва 291‑тоаш дар баланси истеъмолгари яклухт мебошад. Барои мавсими имсола 243 пункти трансформатор мукаммал таъмир гардид. Соли равон бо мақсади мӯътадил таъмин намудани аҳолӣ бо қувваи барқ аз ҷониби корхона дар маҳаллаи Қирғиз 2 адад, дар маҳаллаҳои Мундиён, Муллокӯрпа, Қумоқ, Найман ва Янгиқиёт 5 адад трансформатори нав гузошта шуд. ғайр аз ин, дар ин маҳаллаҳо беш аз 380 дона устунҳои оҳан-бетонӣ гузоштанд. Дар сохтор симҳои кӯҳна ба симҳои нави СИП‑2, СИП‑4 иваз карда шуд. 4 адад трансформатор, 198 адад сутуни оҳан-бетониро дар маҳаллаҳои Себистон, Зарқӯрғон низ гузоштанд. Ба 6,5 километр симҳои нав кашиданд.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҳудуди ноҳия ва аз ҷониби тадбиркорон дар беш аз 60 хонадон панелҳои офтобиӣ гузошта шуд, ки ин дар роҳи мӯътадил таъмин кардани истеъмолгарон бо қувваи барқ соҳибаҳамият аст.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ