Иҷрои ҳар як муроҷиат зери назорат аст!

Ҳафтаи гузашта ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Ургут ва Пайариқ бо тадбиркорон вохӯриҳо гузаронд.
Дар рафти вохӯриҳо беш аз 200 нафар тадбиркорон аз рӯйи масъалаҳои гирифтани кредити имтиёзнок, пайвастан ба шабакаи қувваи барқ, гази табиӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои кадастр, ҷудо кардан, ба музояда гузоштани замин, гирифтани субсидия барои хона ва тадбиркорӣ, андоз, хидматрасонии маишӣ, роҳҳо, сохтмонҳои ғайриқонунӣ муроҷиат намуданд.
Дар вохӯрие, ки дар ноҳияи Пайариқ гузаронида шуд, 35 нафар тадбиркор ва аҳолии маҳаллӣ иштирок карданд. Дар давоми як рӯз 15-то муроҷиат дар ҷойи худ ҳал карда шуд.
Масалан, тадбиркор аз ноҳияи Пахтачӣ таъкид кард, ки мехоҳад доираи фаъолияти худро васеъ созад ва дар ин масъала аз ҳокими вилоят кӯмак пурсид.
– Мо дар соҳаи сохтмон фаъолият пеш бурда, бо сангреза кардан ва омодасозии ашёи хоми омехтаи бетон шуғл меварзем, — гуфт роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Brokken invest star” Нормурод Бердиев. – Мехоҳем таҷҳизоти замонавии сангрезакуниро оварда, ба кор дарорем. Барои ин бобати гирифтани 2 миллиард сӯм кредит ва 50 фоиз кафолат аз “Хазинаи дастгирии тадбиркорон” ёрии амалӣ пурсидам. Муроҷиат аз тарафи садорати вилоятии “Микрокредитбанк” баррасӣ гардида, омодасозии ҳуҷҷатҳоро барои гирифани кредит сар кардем.
Ба ҳар як муроҷиат масъулон вобаста гардида, иҷрои онҳо зери назорат гирифта шуданд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ