Вохӯрии ходимони матбуот бо донишомӯзон

Имрӯз дар Маркази маданият ва маърифати шаҳри Самарқанд вохӯрии кормандони соҳаи Матбуоти нашрӣ ва хонандагони мактаби рақами 45 баргузор гардид. Дар он, роҳбари шӯъбаи хазинаи «Нурониён»-и шаҳри Самарқанд Х. Нуруллоев,роҳбари шӯъбаи Маркази маданият ва маърифати вилояти Самарқанд Нигора Садинова, Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Б. Раҳмонов, Сармуҳаррири рӯзномаи шаҳриии «Самарқанд ‘ Ҳ.Ҷӯраев ва як гурӯҳ ходимони Матбуот иштирок карданд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин мавқеи рӯзнома ва тарғиби он дар байни ҷавонон буда, таасуроти онҳоро ба ояндаи рӯзнома бедор кардан иборат аст. Таъкид гардид, ки имрӯз рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ бо баробари вуҷуд доштани шабакаҳои интернетӣ то ҳол хонандаҳои худро дорад. Онро ҳатто дар давлатҳои ҳамсоя ва хориҷ мутолиа мекунанд. Дар охир, аз ҷониби донишомӯзони мактаби рақами 45 шаҳри Самарқанд шеърхонӣ ва як ҷуфт сурудҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон гардид. Бо ҳамин, ба донишомӯзони фаъол аз намунаҳои рӯзнома, китобҳои хонданибоб ва албоми таҳрият тақдим гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ