Масъулони сиёсати кадрҳо таҷриба иваз намуданд

Ба қарибӣ намояндаҳои мамлакати мо бо сарварии ҷонишини директори Агентии инкишофи хизматҳои давлатии назди Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар форуми II захираҳои инсони Истанбул, ки дар Туркия баргузор гардид, иштирок карданд.
Дар оғози ташриф моро дар ҳокимияти ноҳияи Бейӯғлии шаҳри Истанбул пазируфтанд. Ҳокими ноҳияи мазкур Ҳайдар Алӣ Йилдиз бо аъзои ҳайати намояндагони Ӯзбекистон мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии мамлакат ва сохтори идораи маҳаллӣ, инчунин дар бораи фаъолияти ҳокимияти ноҳияи Бейӯғли маълумот дода шуд.
Дар доираи форуми Истанбул барои роҳбарони идораҳои ба инкишофи ресурсҳои инсон масъули давлатҳои аъзо ва мушоҳиди Ташкилоти давлатҳои туркӣ – ТДТ семинар ташкил карданд. Дар он роҷеъ ба идора ва ривоҷдиҳии ресурсҳои инсон таҷриба иваз намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷамъомади дуюми роҳбарони идораҳои ба сиёсати кадрҳо масъули давлатҳои ба ТДТ аъзо, ки рӯзҳои 23-24-уми октябри соли равон дар шаҳри Самарқанд ташкил карда шуд, дар савияи баланд гузашт.
Дар семинар дар доираи ТДТ масъалаи ташкил кардани институти ривоҷдиҳии ресурсҳои инсон дар дунёи турк муҳокима гардид. Ташаббуси мазкур дар декларатсияи саммити роҳбарони давлатҳои ташкилот низ, ки соли равон дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, акси худро ёфтааст.
Қайд гардид, ки дар давоми муҳокима ташаббусро бо шавқмандӣ пазируфтанд ва дастгирӣ карданд.
Дар давоми чорабинӣ маълум карданд, ки баланд бардоштани салоҳияти идораи маҳаллӣ, сайёҳӣ ва зиёд намудани ҷозибадории сармоягузорӣ (инвеститсионӣ), ривоҷдиҳии инфрасохтори шаҳр ва дар соҳаҳои шаҳрсозӣ, кор бо ҷавонон ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзии байниҳам мувофиқи мақсад аст.
Дар маросими ифтитоҳи форуми II ресурсҳои инсони Истанбул, ки зери шиори “Ҷамъияти халқпарвар” ташкил карда шуд, витсе-президенти Туркия Ҷевдет Йилмаз иштирок кард.
Тадбирро офиси ресурсҳои инсони назди Президентм Ҷумҳурии Туркия ташкил намуда, дар он аз 26-то мамлакат беш аз 3 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ, экспертҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Дар анҷуман мутахассис ва экспертҳо таъсири тағйиротҳои технологие, ки имрӯзҳо дар натиҷаи ворид шудани зеҳни сунъӣ ба соҳаҳои идораи давлатӣ, ривоҷдиҳии ресурсҳои инсон ба назар мерасад, муҳокима карданд.

Б.РАҲМАТУЛЛОЕВ, роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-кадрҳои ҳокимияти вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ