Майдони “Динамо”-ро таъмир мекунанд

Дар варзишгоҳи «Динамо»-и Самарқанд корҳои таъмиркунӣ оғоз ёфт. Чими майдон нав карда мешавад. Дар ҳоле, ки клуби «Динамо» дар шаҳри Тошканд ба Суперлига омодагӣ мебинад, аллакай дар варзишгоҳи клуб омодагӣ ба мавсими соли 2024 шурӯъ шудааст.
Варзишгоҳи «Динамо» дар солҳои охир яке аз зеботарин варзишгоҳҳои кишвари мо ба шумор меравад. Лигаи футболи касбӣ навсозии системаи обпартои варзишгоҳро ба реҷа даровардааст. Варзишгоҳ маротибаи охир соли 2011 таъмир гардида буд. Чими майдон, ки 12 сол истифода шуд, гирифта, ба Академияи футболи вилояти Самарқанд супорида шуд.

Ба наздикӣ дар майдони «Динамо» чими нав гузошта мешавад. Ҳоло дар дигар чойҳо алафзор нигоҳубин мекунанд. То он вақт системаи обпартои варзишгоҳ ба куллӣ нав карда мешавад. Ҳамчунин, як қатор курсиҳои варзишгоҳ таъмир мегарданд.

Директори генералии Клуби футболи касбии «Динамо» Дилшод Шарафутдинов иттилоъ дод, ки даста тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то мавсими Суперлигаро дар назди мухлисонаш дар Самарқанд оғоз кунад.

Ҷ.АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ