Иштироки фаъолонаи самарқандиён дар озмуни “Зани сол”

Ҳар сол дар мамлакатамон бо қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз ҷониби Кумитаи оила ва занон озмуни “Зани сол” гузаронида мешавад. Имсол низ дар Қасри анҷуманҳои Ӯзбекистон зинаи ҷумҳуриявии озмунҳои миллии “Зани сол” ва “Фаъоли баробарии гендерӣ” баргузор гардид.
Дар он раиси Сенат Танзила Норбоева ғолиб ва иштирокдоронро табрик кард.
Дар анҷуман афзудани фаъолии занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакатамон дар мисоли рақамҳо қайд карда шуд. Аз ҷумла, имрӯз ҳиссаи занон дар соҳаи идоракунӣ ба 33 фоиз, дар соҳаи соҳибкорӣ 35 фоиз дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ба 44 фоиз, ва таълими олӣ ба 47 фоиз расидааст.
Тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳар як ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқие, ки дар мамлакатамон қабул мешавад, бояд аз экспертизаи гендерӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шавад. Дар индекси занон, бизнес ва қонуни Бонки ҷаҳон Ӯзбекистон аз рӯи ҳуқуқҳои занон ва баробарии гендерӣ дар қатори мамлакатҳое аст, ки ислоҳоти муҳимро амалӣ намудаанд.
Дар зинаҳои ҳудудии озмун Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 1356 нафар иштирок намуда, ба зинаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 11 номинатсия 144 то ҳуҷҷат пешниҳод гардид. Ғолибони зинаи ҷумҳуриявӣ бо тӯҳфаи Президент — мошини сабукрав мукофотонида шуданд. Инчунин, ба ғолибони номинатсияҳои дигар диплом ва мукофотҳои пулӣ супориданд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин озмун вакилони Самарқанд низ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, Навбаҳор Турсунова, судяи суди иқтисодии байниноҳиявии Ҷомбой аз рӯи номгӯи «Зани сол, ки устоди касб аст» ғолиб ва хабарнигори телевизиони вилоят Нозигул Рустамова дар озмуни “Фаъоли баробарии гендерӣ” аз рӯи номгӯи “Барномаи беҳтарини телевизионӣ, ки ба таблиғи баробарии гендерӣ нигаронида шудааст” сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҷоизаи Гран-прии озмуни «Зани сол» мошини сабукрави «Шевролет Оникс»-ро омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 26-уми шаҳри Ҷиззах Розигул Орзиқулова гирифт.

Дурдона ЮНУСОВА, омӯзгори Маркази миллии таълими педагогика ва методикаи вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ