15 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ супурда шуд

Ба филиали Маркази ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ дар Самарқанд 15 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ супурда шуд.
Дар асоси қарори Сарвари давлат аз 16-уми июни соли 2022 «Дар бораи такмил додани сохтори ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ» ҷиҳати баланд бардоштани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, автопаркҳои марказ бо мошинҳои замонавӣ ва аз ҳар ҷиҳат қулай таъмин карда мешаванд.
– Бо мақсади таъмини иҷрои қарори дахлдори Сарвари давлат ва бо саъю кӯшиши Вазорати тандурустӣ ба филиали мо боз 15 мошини замонавии ёрии таъҷилӣ дода шуд, – гуфт ҷонишини директори филиали Маркази ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ дар Самарқанд Беҳзод Элчиев. Маркази тиббӣ. — То ин дам дар асоси қарор ба филиали мо 52 мошини нав тақдим гардид. Ҳоло автопарки мо ба беш аз 440 мошин хизмат мерасонад. 70 фоизи ин нақлиётҳоро мошинҳои нав ташкил мекунад. Бар асоси тадбирҳои муқарраршуда то соли 2025 боз 50 мошини замонавӣ оварда шуда, то соли 2026 ҳама мошинҳои ёрии таъҷилии мо ба мошинҳои комилан замонавӣ иваз карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар асоси супориши Сарвари давлатамон дар филиал чун дар шаҳри Тошканд маркази Call ташкил гардида, ёрии таъҷилии тиббӣ пурра ба таври мутамарказ расонида мешавад. Таҷҳизоту техникаӣ тиббӣ низ мувофиқи талаби замон буда, сол то сол сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ