Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар соли 2023 чӣ хел амалӣ шуд?

Дар сессияи навбатии навадучоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, ки рӯзи 26‑уми декабри соли равон баргузор гардид («О.С» № 102 (3331) аз 27.12.2023), масъалаҳое чун дохил кардани тағйирот ба қарори ҳокими вилоят аз 29‑уми декабри соли 2022 «Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2023», «Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2024», «Корҳое, ки барои иҷрои Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» амалӣ карда мешаванд, таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинигардида ва муайяншудаи даромадҳои буҷети маҳаллӣ, дар ҳоли ба инобат гирифтани нуқтаҳои инкишофи иқтисодии ҳудудҳо», ихтисори қарздорӣ аз андоз, корҳое, ки барои роҳ надодан ба пардохти зиёдати амалӣ мешаванд ва ғайра муҳокима гардиданд. Дар бораи онҳо масъулон маълумот доданд. Аз ҷумла, ҷонишини ҳокими вилоят Ш. Худойбердиев дар ахбори худ гуфт:
— Бар асоси фармони Президентамон аз 11‑уми сентябри соли 2023 «Дар бораи Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» ва қарори сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳои дар соли 2023 саривақт ва босифат амалӣ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар хоҷагии қишлоқи вилоятамон дараҷаи ҳосилдорӣ ва даромаднокиро зиёд карда, ба 190 миллион доллар расондани ҳаҷми содироти маҳсулот муайян гардида буд. Бо ин мақсад дар вилоят дар самти содирот бо беш аз 60‑то мамлакат робитаҳои тиҷоратӣ роҳандозӣ карда шуд ва ҳоло содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 154,9 миллион долларро ташкил мекунад.
Соли равон дар 70,4 ҳазор гектар майдони вилоят пунба кошта, парвариш карда, ба ҷои 265 тонна, 274 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Аз 94,2 ҳазор гектар майдонҳои ғалла 695,5 ҳазор тонна ҳосил гирифта шуд.
Барои коркард ва нигоҳдории босифати мева ва сабзавот, ба бозорҳои дохилӣ ва беруна расондани онҳо 21‑то корхонаҳои нав бо арзиши умумии 214 миллиард сӯмина ва тавоноии 53,1 ҳазор тонна барпо карда шуданд.
Дар натиҷа, нишондиҳандаи коркарди мева ва сабзавот ба 33 фоиз, ангур 65 фоиз, шир 36 фоиз ва гӯшт 17 фоиз расид.
Дар 6420 гектар майдонҳои иловагии замин технологияҳои замонавии сарфакунандаи обро истифода бурда, растаниҳои хоҷагии қишлоқ кориданд. Аз ҷумла, 2802 гектар боғ барпо карда, 1467 гектар ток шинонда ва дар 325 гектар каврак кориданд. Дар 1826 гектар майдони замин барои ҳосили соли 2024 растаниҳои хӯрокворӣ ва озуқавории чорво коштанд.
Умуман, дар 25,7 ҳазор гектар замини вилоят технологияҳои сарфакунандаи об роҳандозӣ карда шуд.
Сардори Садорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б. Мирзоев дар ахбори худ таъкид кард, ки дар соли 2023 даромадҳои буҷети маҳаллии вилоят 4 триллиону 810,8 миллион сӯм пешбинӣ шуда, дар амал иҷрои он ба миқдори 5 триллиону 67,8 миллиард сӯм дар назар аст.
— Соли 2024 даромадҳои буҷети маҳаллии вилоят 5 триллиону 904,3 миллиард сӯм, хароҷотҳо 6 триллиону 780 миллиард сӯм пешбинӣ мешавад, — гуфт Б. Мирзоев. — 63 фоизи хароҷотҳо, ё ки 4 триллиону 271 миллиард сӯм ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад. 2 триллиону 738 миллиард сӯм, ё ки ҳамагӣ 40 фоизи хароҷотҳои иҷтимоӣ ба соҳаи ҳифзи саломатӣ, 1 триллиону 276 миллиард сӯм, ё ки 19 фоизи ҳамаи хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаи таълим равона мешаванд.
Дар сессия сардори Садорати андози вилоят С. Эшматов чунин гуфт:
— Даромадҳои буҷет барои соли равон 4518,7 миллиард сӯм пешбинӣ шуда, дар анҷоми сол 105,1 дарсад иҷро хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи беш аз 38 ҳазор чорабиниҳои назоратӣ ба буҷет 695,1 миллиард сӯмина андози иловагӣ ҳисоб карданд. 200,3 миллиард сӯми қарздорӣ аз андоз ба хоҷагиҳои фермерӣ, 30,2 миллиард сӯмаш ба корхонаҳои бинокорӣ, 14,1 миллиард сӯми он ба корхонаҳои хоҷагии қишлоқ, 172,3 миллиард сӯми боқимонда ба корхонаҳои дигар рост меоянд.
Дар натиҷаи чораҳое, ки барои кам кардани қарзи андоз дар ҳамкорӣ бо Бюрои иҷрои ҳатмӣ амалӣ гардиданд, 720,3 миллиард сӯм қарзи андоз пардохта шуд.
Дар ин самт андешидани чораҳо идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ