Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ ривоҷ медиҳанд

Тақвияти ҳамкории кишоварзӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири кишоварзии кишвар Иброҳим Абдураҳмонов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Тошканд баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар бахши кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон мусоҳибон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва омода намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи кишоварзӣ табодули назар намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ