Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои касбомӯзӣ, ки ба системаи шуғли аҳолӣ дохиланд, ба дараҷаи кофӣ нест

Масалан, бештари ҳамватанонамон, ки ҳоло дар мамлакатҳои хориҷа кору фаъолият доранд, бо корҳои оддӣ ва вазнину каммузд машғуланд.

Ҳарчанд дар доираи шартномаҳои бо мамлакатхои тараққикардаи Осиё ва Европа ба 150 ҳазор нафар коргар фармоиш дода шуда бошад ҳам, танҳо 9 ҳазор нафар коргар фиристода шуд.

Аз ин рӯ қайд гардид, ки корҳои сохтори муҳоҷирати меҳнатии берунаро хуб ташкил кардан муҳим аст.

Ба Вазорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ вазифа гузошта шуд, ки камбудиҳои ташкили ҷойҳои кор ва таълими касбии аҳолиро бартараф намуда, ба 100 ҳазор нафар коргар касбу ҳунар омӯзонад ва онҳоро муташаккилона ба корхонаҳои хориҷӣ ба кор фиристад.

Ҳоло дар ҷамъомад ахбороти роҳбарони ҳудудҳо ва комплексҳои иқтисодӣ шунида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ