РОБИТАИ АЙНӢ БО МАОРИФПАРВАРОНИ САМАРҚАНД

Дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна дигаргуниҳои ҷиддӣ рух дод. Дар чунин шароити ботлоқи асримиёнагии феодализм ва чоризми Русияи подшоҳӣ, дар ин ҷо ҳаракати ҷадидӣ-­маърифатпарварие ба вуҷуд омад, ки сарвари он Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ва пайравонаш Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода ва дигарон буданд. Ин рӯшанфикрон барои рушди маърифат ва фарҳанги мардум бо ҷидду ҷаҳди хоса ғайрат ва шуҷоат намуда, байни мардум ҳамчун ситораи саҳарӣ шӯълаи маърифат афрӯхтанд.
Мақсади асосии онҳо кушодани нахустин мактабҳои усули нав буд, ки мардумро аз ботлоқи ҷаҳолат бароварда, саводнок мекард.
Садриддин Айнӣ дар қиссаи «Мактаби кӯҳна» оиди тарзи таълими қадим, ки дар мактаби кӯҳна амал мекард, ҳамчун як шогирди чунин мактаб ҳақиқатнигорона тамоми хусусиятҳои манфури онро баён кардааст.
«Туркестанские ведомости» дар ҷавоби он соли 1906 навишта буд:
«Назар ба ҳисобу китоби мутахассисони петербургӣ, барои бо чунин тарзи таълим саводнок кардани мардуми Осиёи Миёна 4600 сол лозим аст…».
Бинобар ин, маорифатпарварони рӯшанфикр ривоҷи ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми ин ҷойро, пеш аз ҳама дар саводнокӣ ва маърифати он дида, тарзи нави таълимро пеша намуданд. Аз ҷумла, Абдуқодир Шакурӣ, ки то ин вақт ба усули қадим мактабдорӣ мекард, бо усули таълими маърифатпарварони Кавказ, Қрим, Тотористон шиносо шуда, дар деҳаи Раҷабамин Самарқанд нахустин мактаби усули ҷадидиро кушод.
Шӯҳрати ин мактаб ба зудӣ ба ҳар тарафи кишвари Туркистон паҳн шуда, равшанфикрон аз Хуҷанду Қӯқанд, Тошканду Бухоро барои таҷриба омӯхтан ба ин ҷой ташриф меоварданд. Аз ҷумла, аз Бухоро Садриддин Айнӣ ва Абдулвоҳид Мунзим ба Самарқанд омаданд. Онҳо бо тарзи мактабдории Шакурӣ ва шогирди нахустини ӯ Исматулло Раҳматуллозода, ки дар паҳлуи устодаш истода муаллимӣ мекард, шиносо шуданд. Онҳо, инчунин дар ин сафари худ аз сӯҳбати сарвари маърифатпарварони ҷадид Маҳмудхӯҷа баҳраманд гардиданд.
Минбаъд чунин мактабҳо дар Самарқанд ва шаҳрҳои дигари кишвар низ кушода шуданд. Соли 1911 дар кишвари Туркистон дар 68 мактаби усули ҷадид 4106 нафар толиби илм сабақ меомӯхтанд.
Барои таъриф ва тарғиби ин мактабҳо адибони маърифатпарвар Абдурауф Фитрат «Мунозира», Тошхоҷа Асирӣ «Мудофиа», Ҳоҷӣ Муин Шукурулозода «Мактаби кӯхна, мактаби нав» барин асарҳо, инчунин Аҷзӣ, Айнӣ, Ҳамза ва дигарон шеърҳои ба ин мавзӯъ бахшида навиштанд.
Садриддин Айнӣ баъди бо фармони амири Бухоро 75 дарра хӯрдан, ба ҳолати ниҳоят бад меафтад ва аввал ба Когон, сипас ба Самарқанд меояд. Барои вай сарпаноҳ ёфтан душвор буд. Аз ин воқеа Абдуқодир Шакурӣ хабардор шуда, аз шогирд ва ҳамкораш Исматулло Раҳматуллозода хоҳиш менамояд, ки Айнии беморро дар хонааш ҷой дода, ба барқарор шудани саломатии вай кӯмак расонад. Исматулло Раҳматуллозода, ки қаблан ҳангоми ба Самарқанд барои дидани мактаби онҳо омадани Айнӣ бо ӯ шиносо шуда буд, ба ин кор розӣ мешавад.
Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ дар солҳои 1917—1919 дар ин хонадон зиндагӣ карда, шифо меёбад.
Садриддин Айнӣ ба туфайли Исматулло Раҳматуллозода бо маърифатпарварони Самарқанд, аз ҷумла Беҳбудӣ аз наздик шинос мешавад.
Донишмандони маъруфи Самарқанд Воҳид Абдуллоев ва Ботурхон Валихўҷаев дар китоби «Нафаси асрҳо» ҳангоми сухан рондан дар бораи муҳити адабии Самарқанди асри ХХ, дар қатори шоирони маърифатпарвар Туғрал, Аҷзӣ, Васлӣ, Тамҳид, Ҳодӣ, Фикрӣ, Зеҳнӣ ва дигарон, оиди ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ дар ин давра низ таваққуф намуда, дар давоми се сол дар хонаводаи Исматулло Раҳматуллозода умр ба сар бурда шифо ёфтани ӯ, дар таҳияи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳмгузорӣ намудани Исматулло Раҳматуллозода низ маълумот додаанд.
Радий Фиш ва Раҳим Ҳошим низ дар китоби «Бо амри виҷдон», ки дар силсилаи китобҳои «Ҳаёти одамони бузург» бахшида ба хотираи Садриддин Айнӣ навишта шудааст, оиди дар маҳаллаи Сӯфӣ Розиқи Самарқанд дар хонадони Исматулло Раҳматуллозода зиндагӣ кардани ӯ низ маълумот додаанд.

Дар кори ба майдони публисистика даромадани Садриддин Айнӣ низ хидмати маърифатпарварони Самарқанд ва матбуоти онҳо мақоми арзанда дорад. Аз ҷумла, ӯ яке аз фаъолони рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Зарафшон», маҷаллаҳои «Шӯълаи инқилоб» ва «Машраб» буда, дар ин нашрияҳо бо адиб ва публисистони маъруфи давр Саидризо Ализода ва Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода пайваста қаламронӣ мекард.
Робитаи Садриддин Айнӣ бо олимон ва маорифпарварони Самарқанд ҳангоми кор дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар ибтидо дар Самарқанд фаъолият дошт, инчунин Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, ки то Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон таъин шуда ба Душанбе рафтанаш вазифаи мудири кафедраи адабиёти ин донишгоҳро иҷро мекард, бардавом буд.
Адабиётшиносон Раҳим Муқимов ва Саида Нарзуллоева таҳти роҳбарии устод Айнӣ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карда буданд.
Бо саъю кӯшиши олимони Самарқанд Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов ва дастгирии сарвари ҳамонвақтаи Ӯзбекистон Шароф Рашидов, ки дар Самарқанд аз устод Айнӣ таълим гирифтааст, хонаи Айнӣ дар Самарқанд аз ҳуҷумҳои «азнавсозии Самарқанд» эмин нигоҳ дошта шуд ва ҳоло ҳамчун «Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ» маҳфуз аст.
Бо ташаббуси олимони Самарқанд аз солҳои 60_уми асри гузашта то ҳол, ҳар сол дар зодрӯзи устод Айнӣ маҷлисҳои «Солонаи Айнӣ» гузаронида мешаванд. Руҳи поки адиби донишманд ва маорифатпарвари бузург устод Айнӣ ҳамеша дар ёди мардуми шарифи Самарқанд аст!


Аслиддин ҚАМАРЗОДА, профессори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ