Зиёрат кардани Самарқанд шараф аст

Рӯзи 14-уми апрел ҳайати намояндагони Шоҳигарии Уммон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ин кишвар Бадр бин Ҳамад ал-Бусайдӣ ба Самарқанд омаданд.
Меҳмононро дар Аэропорти байналмилалии Самарқанд ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов пешвоз гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Уммон нахуст маҷмӯаи Имом Бухориро зиёрат кард. Корҳои бунёдкориеро, ки ҳоло дар ин ҷо амалӣ мегарданд, эътироф намуд. Дар марказ роҷеъ ба корҳои илмиву тадқиқотие, ки бобати омӯхтани мероси илмиву адабии муҳаддис ва мутафаккирони бузург амалӣ мегарданд, маълумот дода шуд.
– Ташрифи нахустин ба Самарқанд хеле хотирмон гардид, — гуфт Бадр бин Ҳамад ал-Бусайдӣ. – Бахусус, зиёрати қабри муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ барои мо шараф аст. Бешубҳа, ин маҷмӯа дар солҳои наздик ба яке аз зиёратгоҳҳои мубораки олами Ислом табдил меёбад.
Ҳайати намояндагон дар майдони Регистон аз мадрасаҳои осмонбӯс, намоиши маҳсулоти ҳунармандии миллӣ ва санъати хаттотӣ дидан карданд.

Б.МУСТАНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ