Чор нафар сарояндаи Ӯзбекистон унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистонро гирифтанд

Дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ду давлат баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор нафар, аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Муножатхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарфарозгардонии гурӯҳи арбобони санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ