Сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин бора АМИт 2Ховар» хабар медиҳад.

Чорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти кишварамон баргузор шуд.

Нахуст, Сарони давлатҳо  Шавкат Мирзиёев  ва Эмомалӣ Раҳмон  бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафоратхонаро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  садо дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ