Аҳдномае, ки дари робитаҳои навро мекушояд

Дар арзҳои дӯстӣ

Дар давоми сафари давлатии навбатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ аҳдномаи таърихӣ ба имзо расид. Он робитаҳои дӯстонаи ду халқи бародарро бе ҳеҷ шубҳа ба зинаи наву баландтар мебарорад.
Имрӯз дар ҳамкорӣ ҷустани роҳҳои тараққиёти оянда амри воқеӣ шуд.
Чунки, сиёсати берунае, ки бо сарварии Президентамон пеш бурда мешавад, ба ин роҳ мекушояд ва имкон медиҳад. Дар ҳақиқат, ҳангоми ташрифе, ки рӯзҳои 18—19_уми апрел баргузор гардид, бисёр созишҳои барои ҳар ду тараф манфиатнок имзо гардиданд. Аз ҷумла, ба ҳамкорӣ дар соҳаи об-энергия эътибори бештар дода шуд. Дар масъалаи истифодаи об давом додани мулоқотҳои конструктивӣ ва барои ҳар ду тараф манфиатнок муҳокима гардиданд.
Хулоса, дар рафти ташриф байни Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ 28 ҳуҷҷат ба имзо расид. Агар ба корҳое, ки амалӣ карда шудаанд, назар андозем, бе душворӣ самари ҳамкориҳоро дарк мекунем. Мисол, аз соли 2021 парвозҳои мунтазам дар самти «Тошканд-­Душанбе-­Тошканд», аз соли 2022 ҳаракати байналмилалии автобусҳо дар самти «Самарқанд — Душанбе», «Панҷакент — Самарқанд» барқарор гардиданд. Ғайр аз ин, саҳми таҳияи масъалаи сохтмони роҳи оҳани «Панҷакент — Булунғур-­Ҷомбой» ва ривоҷдиҳии роҳи нақлиёти Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Хитойро ба иқтисодиёт ва фаровонии ҳаёти одамон пай бурдан душвор нест.
Дар таъминоти қувваи электр низ ҳамкориҳо на танҳо давом доранд, балки ба зинаи нав мебароянд. Тарафҳо аз моҳи июни соли 2022 сохтмони ду стансияи барқии обии 320 МВт-иро оғоз намуданд. СЭО-ҳо дар дарёҳои Ёвон ва Фандарё (шохобҳои дарёи Зарафшон) аз ҳамин ҷумлаанд. 1,4 миллиард КВт қувваи электри истеҳсолшуда бар асоси паритет барои эҳтиёҷоти ҳар ду мамлакат дода шуд. Дар ҳамкорӣ роҷеъ ба лоиҳаҳои бузурги СЭО чун СЭО Роғун корҳо амалӣ мешаванд.
Ин лоиҳа бешубҳа сатҳи бовариро ба шабакаҳои электрии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баланд мекунад.
Аҳамияти ҳамкориҳои тарафҳо дар доираи амалӣ кардани самти роҳи нақлиёти Хитой — Тоҷикистон — Ӯзбекистон — Туркманистон — Эрон — Туркия — Аврупо пайваста меафзояд.
Хулоса, вусъат ёфтани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон барои рушди барқарори ҳар ду мамлакати бо ҳам дӯст, мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангию мадании халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик хизмат мекунад.

Нарзиқул ХОЛИҚОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ