Миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни “Complex Mining Solution”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”;
— Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байниҲукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;
— Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
— Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ