Адолат – маҳаки асосии ҳаёт ва барномаи мо

Дирӯз номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз Ҳизби сотсила-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон Баҳром Абдуҳалимов бо интихобкунандагони самарқандӣ вохӯрд.
Дар тадбир, ки дар Театри драмаи шаҳри Каттақӯрғон ба шакли видеоанҷуман ташкил гардид, фаъолони ҳизб, ҷавонон, аъзои Шӯрои вилоятии ҳизб, депутатҳо, вакилони ҷамоатӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, дар маҷм\ъ беш аз 2000 нафар интихобкунанда иштирок карданд.
Тадбирро вакили боэътимоди номзад, раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби сотсила-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон М.Бобобекова ифтитоҳ бахшид ва ҳозиринро бо тарҷумаи ҳоли номзад шинос карда, навбатро ба Баҳром Абдуҳалимов дод.
Сипас, Б.Абдуҳалимов дар бораи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ маълумот дода, нақши занонро дар рушди ҷомеа алоҳида таъкид намуда, қайд кард, ки эҳтиром ба зан меъёри асосии эҳтироми миллат, кишвар, оянда ва наслҳои оянда мебошад.
Зикр гашт, ки дар мамлакати мо ба баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии занон, пурзӯр намудани нақши онҳо дар сохтмони давлат ва ҷомеа, инчунин, афзунсозии ҳуқуқҳои сиёсии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.

  • Иштирок дар интихоботи президентӣ нафақат барои ман, балки барои ҳизбамон низ имтиҳони бузург аст, — гуфт Б.Абдуҳалимов. — Бояд таъкид сохт, ки барномаи пешазинтихоботӣ натиҷаҳои тараққиёти Ӯзбекистонро то имрӯз умумӣ мекунад ва дар асоси таклифҳо баҳри бартараф сохтани камбудиҳо коркард шудааст. Ба барномаи пешазинтихоботӣ суханони «Адолат – маҳаки асосии ҳаёти мо» ба сифати шиори асосӣ қабул гардид. Он баёнгари эътиқод ба анъанаҳои ҳизби сотсиал-демократии мо ва садоқат буда, халқамонро дар роҳи бунёди ҷамъияти одил қарин месозад.
    Дар вохӯрӣ депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Ш.Полвонов, М.Абдиев, Е.Комполшик ва дигарон дар бораи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва интихобкуннадагонро барои иштироки фаъол дар интихобот даъват намуданд.
    Хизмати матбуоти Шӯрои марказии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ