Дуои модар

Аз пайдоиши олам то ин ҷониб мавзӯи модар дар маркази диққату эътибори инсоният қарор дорад. Зеро, тамоми ҳастии ҷамъият ва инсон бевосита ба модар вобастагӣ дорад.
Агар модар намешуд, одамизод ба дунё намеомад. Одам ки ба дунё омад, ҳамаи муносибатҳои одамӣ пайдо шуд. Ин гуна муносибат ба ҳамаи соҳаҳои рӯзгори ҷамъият вобаста шуда, қонунияти асосии ривоҷи онро ба майдон овардааст. Ҳоло дар тамоми ҳаёти ҳастии олами моддӣ ва маънавӣ ин гуна муносибатҳо мавқеи ҳалкунанда доранд.
Модар давомдиҳандаи авлодҳост. Авлодҳо ба дунё омада, бо фаъолияти гуногун манбаъҳои зиндагиро истеҳсол мекунанд, ин анъанаро ба авлодҳои оянда мегузоранд. Баробари фаъолияти истеҳсолӣ ва эҷодкорӣ, онҳо анъана ва урфу одатҳои ниёгонро ба насли нав­рас мерос мемонанд.
Модар зоте, ки ба фарзанд нахустин асосҳои тарбияро дода, онро ба ҷамъият роҳандозӣ мекунад. Инсоне, ки бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанд арзишҳои беҳтарини инсонӣ – меҳру оқибат, муҳаббат ва садоқат, орият ва номусро ташаккул медиҳад, рафтору кирдори писандидаро меомӯзад.
Мо аз таҷрибаи фанҳои биология ва кимиё медонем, ки дар таркиби шири поки модар моддаҳое мавҷуд, ки онҳо баробари тандурустӣ ва солимии инсонро таъмин намудан, ба ривоҷи тафаккур, ҳиссиёт, хотира, фаъолияти эҷодӣ, ба дараҷаи муайян баён кардани фикру андешаи солим хизмат мекунанд. Инчунин, барои аз авлод ба авлод гузаштани хислат ва рафтор, хулқу одоб хизмат мекунанд. Бесабаб намегӯянд, ки дар ҷисми одам аломатҳои модарзодӣ вуҷуд дорад. Ё ки дар байни мардум мегӯянд, ки «себ ба таги себ, шафтолу ба таги шафтолу меафтад». Аз модар ва ҳафт пушти ӯ ба фарзанд аломатҳои ҷисмонӣ ва авлодияш мерос мемонад. Бинобар ин, кӯҳансолон агар авлоди покизаро ба мерос гирифтанӣ бошанд, ҳафт пушти онро бояд донанд. Чунки баъди ҳафт пушти авлод онҳо бегона мешаванд. Аз ин ҷо одами ба авлод алоқадор нашударо бегона мегӯянд. Барои ҳамин ҳам шири модар муқаддас аст.
Одамон ибораи модар-­заминро бисёр истифода мебаранд. Чунки дар олам ҳама ҳодиса ва воқеаҳо худ аз худ пайдо нашуда, дар вобастагӣ ва муносибатҳои қонунӣ ба майдон меоянд.
Агар модар офаранда ва давомдиҳандаи рӯзгори ҷамъият бошад, замин ҳамчун модар аз ғизоҳои фоиданок баҳраманд шуда ба мо ҳамаи маҳсулотҳои хӯроквориро медиҳад. Мисли модар ба замин ғизо ва озуқавориро дар вақташ надиҳед, он ба шумо чизе намедиҳад. Инро нигоҳубин, яъне аввал нигоҳ кун, меҳнат намо, баъд натиҷаашро бин, мегӯянд.
Ба модар ғамхорӣ ва дасти ёрӣ дароз накунед, ӯ хор мешавад. Мисли он ки замини бекор ба биёбони беҳосил мубаддал мегардад.
Мо забон меомӯзем ва онро забони модарӣ меномем. Аллаи модар бошад, бо оҳанги форами овоз ва суханҳои маънодор фарзандро ба забони модарӣ шинос карда, муҳаб­бат ва забони модар дар якҷоягӣ арзиши миллӣ ва ҷамъиятӣ пайдо мекунад.
Меҳри инсон ба миллат дар ҷисми он ба воситаи шири модар, аллаи модар, забони модар ҷо мешавад. Барои ҳамин ҳам аз забони миллат ва аз миллат ҷудо кардани инсон баробари аз модар ҷудо кардан аст. Ин ҳақиқатро фаҳмидан ва дар амал иҷро намудан дар замони ҳозира хеле зарур. Садоқат ба миллат ва забони миллат барои инсони миллатдӯст шараф ва орият аст. Чӣ тавр ки фаҳмидед, орияти миллӣ, ору номуси он ба ҳамин қонуният вобастагии узвӣ дорад.
Мо мафҳуми Модар – Ватанро муқаддас медонем. Зеро барои инсон Ватан, хоки сарзамин, гарди пои падар ва модар, муқаддас аст. Чӣ тавре ки одам ба модараш бо садоқат хизмат мекунад, адои хизмати Ватан вазифаи муқаддаси инсонӣ мебошад.
Баҳри Ватан лозим ояд ҷон фидо намудан, барои модари меҳрубон ҷон додан аст. Ватан, ки инсонро дар оғӯш навозиш мекунад, баҳри озодӣ ва фаровонии он тамоми чорабиниҳоро ба кор мебарад, чаро инсон ба он бепарво шавад? Ин гуноҳи азим буда, аввало модар, баъд дигарон онро намебахшанд. Барои ҳамин мардуми ватанпарвар ва модардӯст дар солҳои ҷанги ҷаҳонӣ, замони тангии рӯзгор, офатҳо ва гуруснагӣ баҳри миллату ватан тамоми ҳастии худро сафарбар намудаанд.
Мо ҳама медонем, ки дил узви тани одам буда, ҳамеша зиндаву солим будани тамоми дигар узвҳои одам ба он вобаста мебошад. Барои ҳамин ҳам организми инсонро бе дил тасаввур кардан мушкил аст.
Дили модар аз он даме, ки фарзанд ба дунё меояд, ду вазифаро иҷро мекунад: вазифаи худидоракунӣ ва дилсӯзӣ ба фарзанд. Модаре нест, ки ба фарзанд бепарво бошад. Аз саҳар то шом тамоми ҳастии модар ва дили ӯ бо хаёли фарзанд банд шуда, ба он ғамхӯрии доимӣ менамояд.
Дар байни одамон ибораи рехтаи, «дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг (кӯча)» бисёр ба забон гирифта мешавад. Чи тавре ки мебинем, модар бисёртар дар хона бошад, фарзанд бо ҳар гуна зарурият дар кӯча мегардад. Модар намедонад, ки дар ин лаҳзаҳо фарзанд бо чӣ хел одамон ва ҳодисаҳо рӯ ба рӯ меояд, бо онҳо чӣ тавр муомила мекунад. Фарзанд бошад дар навбати аввал вазифаҳои кӯчагиро дар назар дошта, ҳаёти ба фарзанд бахшидаи модарро фаромӯш мекунад.
Инро дарси ибрат номидан зарур. Модар чӣ қадар нисбати фарзанд дилсӯзӣ карда бошад, фарзанд вазифадор аст, ки ба ин дучандон ҷавоб дода, модарро дастгирӣ кунад.
Интизории модар нисбат ба фарзанд ҳадду канор надорад. Онро бо вақт ҳам муайян кардан душвор. Ин фазилати модарро фақат бо тоқат ва қаноат, бардошт ва вазнинӣ чен кардан мумкин. Қисмати интизоршавии модар қариб ки аз сари ҳамаи модарон мегузарад.
Модаркалонам дар синни 66 солагӣ бо офати ҷанги ҷаҳон рӯ ба рӯ шуда буданд. Соли 1941 писари арзандаи модар ҳамчун ватандӯсти содиқ ихтиёрӣ ба фронт рафт. Охири ҳамон сол дар ҷангҳои назди шаҳри Смоленск қаҳрамонона аз олам гузашт. Ба хона «хати сиёҳ» омада, ҳамаро ба даҳшат овард. Дилсӯзони оила маслиҳат доданд, ки хатро ба модар нишон надиҳанд. Аммо омадани хат ошкор шуд. Рӯзе набуд, ки оҳу фиғони модарро нашунавем. Модар бо чашми гирён умед дошт, ки писар ба хона меояд. Ҳамин интизорӣ 17 сол давом кард, лекин аз писар дараке нашуд. Модар дар ҳамин давр нобино ва ногиро шуд. Ҳамин тавр интизории модар ба охир расид, ӯ аз олам гузашт. Оилаи писар ҳам дар муддати кӯтоҳ ҳама аз олам гузаштанд. Аз оила касе намонд. Ин ҳодисаро то ҳол хешовандон ба хотир оварда, ба рӯҳи майитон дуои хайр мегӯянд.
Модар сарвари оила. Тақдиру қисмати оила ва оиладорӣ бисёртар ба ҳаёти он вобаста. Ҳама тасаввур мекунем, ки аз ҳамагӣ якчанд соат дар оила набудани модар чӣ гуна муҳит пайдо мешавад. Ҳаёти оила ва оиладорӣ хеле мураккаб аст. Рӯзгори ҳамаи аъзои ҷомеа аз тифли навзод то одамони кӯҳансол ризқу рӯзии худро аз ғамхории модар мебинанд. Баробари ҳамин муносибатҳои нав ба нав, аз ҷумла қудодорӣ, ҳаққу ҳамсоягӣ, хешу таборӣ асосан ба зиммаи модар вогузошта мешавад.
Хонадорӣ, сарфу хароҷоти одилона, интизоми байни аъзоён, масъулият ва ҳисси ҷавобгарӣ нисбати ояндаи он бисёртар ба дӯши модар афтода, аз ин ҷо обрӯ ва нуфузи оила дар ҷамъият пайдо мешавад.
Ҷаннат дар зери пойи модарон мегӯянд. Чунин баҳо ба модар аз ҳақиқати рӯзгор ба вуҷуд омадааст. Зеро аз ҳамаи рафтор, хулқ, одоб, фаъолияти босамар, тарбияи фарзандон, гуфтору ахлоқи ибратбахши модар чунин маъно бармеояд. Ҳамаи рафтори модар барои одами нек шудани фарзанд хизмат мекунад.
Оҳи модарро шунидан хеле мушкил. Одами дилшикаста ва бекас ҳангоми шунидани оҳу зори модар беихтиёр мегиряд, ба назараш рӯзҳои вазнин омада, хеле ғамгин мешавад.
Дарди фарзанд аз ҳама вазнинтарин ғами модар аст. Хусусан, вафоти фарзанд, ғаму ғуссаи рӯзгори он модарро ба ҳолати вазнини рӯҳӣ гирифтор мекунад. Дар кадом ҳолат набошад, фарзанд ин гуна вазъияти ногуворро бояд пешбинӣ кунад.
Эҳтироми модар зарурияти ҳаёти маънавии инсон аст. Дар ин ҷо мо бисёртар рӯзҳои неки модарро дар назар дорем. Мо барои азиз гардонидани модар рӯзҳои таваллуд, тӯю маъракаҳоро гузаронда, мехоҳем, ки модар шод шавад. Аз ин гуна ҷамъомадҳои оилавӣ модар албатта масрур мегардад.
Дили модарро ранҷонидан гуноҳ аст. Дили осудаи модар на дар боигарӣ, молу давлат, мансабу мартабаи фарзанд, балки саломатӣ, бахт, иқболи он бо оила ва фарзандонаш муайян мегардад. Чунки молу дунё гузаро, вале шодиву хуррамии он абадӣ. Баъди вафоти модар ин гуна арзишҳои маънавиро дарёфт намудан ғайриимкон аст. Барои ҳамин ҳам дар урфият мегӯянд, молу дунёро меёбӣ, аммо модарро не.
Меҳру оқибат, мероси падар ва модар ба фарзандаст. Онро бо чизе иваз кардан мумкин нест. Модаре, ки саривақтӣ дар фарзанд меҳру оқибатро тарбия нанамуд, аз фарзанд гила нахоҳад кард. Касе, ки арзиши бебаҳои миллатро қадр накард, онро ба молу давлат иваз кард, ба гуноҳи азим гирифтор мешавад.
Мегӯянд, ки меҳр дар чашм. Фарзанд доимо назди чашми модар бошад, онро бо тану ҷон ҳимоя мекунад. Замоне шуд, ки молу давлат андозаи меҳру оқибати инсон шуда, муҳаббати байни модар ва фарзанд аз байн рафт. Баъзан мешавад, ки писар аз модар ҷудо гашта, онҳо аз олам мегузаранд. Фарзандон баъди вафоти модар маъракаҳои серхарҷ ороста, мехоҳанд, ки рӯҳи модар шод гардад.
Модарон аз баҳри фарзанд баромада, солҳо дар хориҷа меҳнат мекунанд. Фарзандони ташнаи меҳри модар дар дасти хешовандон ба камол мерасанд. Наход ки як чакра оби дида, дили модарро ба ҷунбиш наорад. Баъзан шунида, дар ҳайрат мемонед. Фарзандони бегуноҳ гоҳо аз дари хешовандон пеш карда мешаванд, онҳо дар ба дар ҳаёт ба сар мебаранд.
Дар замонҳои гузашта ҳодисаи фоҷиавии фурӯши фарзанд вуҷуд надошт. Чӣ гуна дили модар ба фурӯши фарзанд тоқат мекунад? Онро на дил, балки санг донистан беҳтар. Санг ҳам пора мешавад, вале дили модар ҳамоно тапидан мегирад. Баъзан кас дар ҳайрат мемонад, ки модар дар бағал фарзандро баҳри эътиқоди динӣ дар мамлакатҳои ба оташи ҷанг гирифторшуда меравад. Намедонам, дар кадом китоби динӣ аз баҳри ватан ва фарзанд баромада, ба ин гуна ҳолати ногувор дучор шудан зикр шуда бошад. Ин гуна ҳодисаҳоро мо дар замини Сирия ва Афғонистон дида, дар ҳайрат мемонем.
Дар Ӯзбекистон сиёсати ғамхорӣ ба занон ва модарон ба дараҷаи хеле боло гузошта шуд. Барои чораҳои давлатӣ оиди ғамхории ҳамаҷониба ба занони бепарастор, фарзандони бепадар, ҷавонони бекор ва бе хонаву ҷой аз ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар стратегияи ривоҷи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании давлат ва Муроҷиатномаи Президент ба парламент ва халқи мамлакат тадбири амалии бисёрсола шудани ғамхорӣ ба модарон ва фарзандон таъкид карда шуд.
Масъалаи модар ва тақдири он дар ҷамъият ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт. Модар аз ҳаёти фарзанд ва ҷамъият мамнун гардад, он ба қадрияти бебаҳои зиндагӣ табдил меёбад.
Вақте ки модар даст ба дуо кушода, аз парвардигор бахту иқболи некро хоҳад, донед ки он ҷомаи амал пӯшида, диёри маҳбуб ривоҷ меёбад ва одамон дар он хушҳолона зиндагӣ ба сар мебаранд.

Хуршед САМЕЪБОЕВ,
профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ