Сӯхтори мудҳиш дар Туркия

Дар наздикии шаҳри Манавгати Туркия сӯхтори бузурге ба амал омад, ки дар паи он беш аз 50 кас захмӣ шуд. Сӯхтор аз макони сайёҳӣ дуртар аст ва барои ин ба ҷони сайёҳон хатар таҳдид намекунад.
Атрофи шаҳри Манавгат 75 километр шарқтар аз шаҳри сайёҳии Анталияро дуди оташ фаро гирифт.
Барои хомӯш кардани оташ як ҳавопаймо, як дрон, 19 чархбол ва 960 оташнишон ҷалб шудаанд.
Дуди сӯхтор то соҳили баҳр низ расид. Сӯхтори ҷангал рӯзи 28-уми июл, 75 км шарқтар аз Анталия рух додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ