ШӮЪБАИ ТОҶИКИИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН ТАШКИЛ ШУД

Ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо дар Ӯзбекистон як қатор тадбирҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар Самарқанд низ ин сана ботантана таҷлил гардид.
Аз ҳама хурсандибахш барои эҷодкорон ин буд, ки ду нафар эҷодкори тоҷикзабони вилоят — нависандаи сермаҳсул Зоҳир Ҳасанзода ва адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.
Аз ин пештар аз адибони тоҷик Асадуллоҳ Исмоилзода ва Нормурод Каримзода узви ин иттифоқи эҷодии бонуфуз гардида буданд.
Аз эҷодкорони зуллисонайн адиби шинохта Нусрат Раҳмат ва шоир Раҳимҷон Наимиро ба ҳисоб гирем, сафи тоҷикзабонон дар узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ба 6 нафар расид.
Инро ба эътибор гирифта, шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ташкил ёфт.
Роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, адиби шинохта Нусрат Раҳмат дар навбати худ қайд намуданд, ки аъзоёни иттифоқ аз миллатҳои гуногун зиёд шуда, асосан ҳамбастагии адабиёти тоҷику ӯзбек мустаҳкам мегардад. Ташкил ёфтани шӯъбаи тоҷикӣ барои боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои адабӣ хизмат менамояд.
Ба шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд шоири шинохта Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) роҳбар интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки минбаъд ҳар рӯзи панҷшанбеи ҳафта соати 10:00 дар бинои шӯъбаи вилоятии Иттифоқ нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади эҷодкорони тоҷик баргузор мешавад. Ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз синну сол метавонанд дар ин тадбири адабӣ иштирок намуда, эҷоди худро сайқал диҳад.

АСАЛОЙ САРХАТЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ